Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СТЕРАДИАН

steradian

СТЕРАДИАН (аз стерео… ва радиан), воҳиди андозагирии кунҷи ҷисмонист. Ишораташ ср. Стерадиан— кунҷи ҷисмониест, ки қуллааш дар маркази сфера воқеъ гардида, дар он сатҳеро ҷудо мекунад, ки масоҳаташ ба квадрати радиуси сфера баробар аст. Сфераи том кунҷи ҷисмониеро ташкил мекунад, ки ба 4ηср. баробар меояд.

Муфассал »

СТЕНОЗ

stenos

СТЕНОЗ (аз юнонӣ stenos — борик, танг), тазайюқ, тангӣ, танг шудани сӯрохи ягон узв (баромадгоҳи меъда, хирной, бронхҳо, рӯда, сурхрӯда, артерияҳо ва ғайра)-ро гӯянд. Стеноз модарзодӣ (масалан, Стенози баромадгоҳи меъда дар кӯдаки) ва иктисобӣ (дар мавриди карахш бастани реш, хадшаи ҷароҳат, варами девораҳои узв дар вақти газакгирии он, ҷароҳат, омос …

Муфассал »

СТЕНОГРАФИЯ

stenografiya

СТЕНОГРАФИЯ (аз юнонӣ stenas — борик, танг ва …графия), услуби тезнависии хат аст, ки тавассути системаи аломатҳо ва ихтисори калимаю ибораҳо, нутқи даҳони ба таври синхронӣ навишта мешавад. Суръати навишти ин навъи хат аз хати муқаррарӣ 4—7 баробар зудтар аст. Стенография ҳанӯз аз давраҳои қадим дар Юнону Рим маълум буд. …

Муфассал »

СТЕНОГРАММА

stenografiya

СТЕНОГРАММА (аз юнонӣ stenos — танг, борик ва …грамма), нутқи даҳонист, ки айнан ба тарзи стенографӣ ё стенотипикӣ навишта мешавад.

Муфассал »

СТЕНДАЛ Анри Мари Бейль

stendal

СТЕНДАЛ (stendhal; тахаллус: номаш Анри Мари Бейль) (23. 1. 1783, Гренобл—23. 3. 1842, Париж), нависандаи франсавӣ. Стендал иштирокчии юришҳои Наполеон, шоҳиди муҳорибаи Бородино ва аз Россия фирор кардани лашкари торуморгардидаи Франция буд. Баъди Револютсияи соли 1830 дар Триеста, сипас дар Чивитавеккии наздикии Рим консули Франция буд. Солҳои аввал рисолаҳои танқиди …

Муфассал »