Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СТЕЧКИН Борис Сергеевич

stechkin

СТЕЧКИН Борис Сергеевич (5. 8. 1891, деҳаи Труфановои ҳозира вилояти Тула — 2. 4. .1969, Москва), гидроагромеханик ва теплотехники советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (4953, аъзокоррспондент 1946), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1961). Шогирди Н. Е. Жуковский. Соли 1918 Омӯзишгоҳи олии техникии Москваро хатм намуд. Ҳамроҳи Жуковский дар ташкили Институти марказии аэрогидродинамика …

Муфассал »

СТЕТОСКОП

stetoskop

СТЕТОСКОП (аз юнонӣ stethos — қафаси сина ва …скоп), асбобест барол гӯш кардани садои задани дил, садои узвҳои нафаскашӣ (шуш), гардиши хун ва ғайра. Соли 1816 асосгузори усули ташхисии аускултация, духтури франсавӣ Р. Лазняек (1781— 1826) ихтироъ кардааст. Дар амалияи тибби ҳозира аксар Стетоскопро бо фонендоскоп якҷоя истифода мебаранд.

Муфассал »

СТЕФЕНСОН Ҷорҷ Уайлем

george-stephenson

СТЕФЕНСОН, Стивенсон (8(stephenson) Ҷорҷ (9. 6. 1781, Уайлем, Нортшберленд—12. 8. 1848, Тэптонхаус, Честерфилд) ихтироъкори англис, бунёдгузори нақлиёти роҳи оҳан. Аз рӯи лоиҳаҳои Стефенсон ва писараш Роберт паровозҳое сохта шуданд, ки онҳо на фақат дар Британияи Кабир, балки дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон истифода шудаанд.

Муфассал »

СТЕРОИДҲО

steroidho

СТЕРОИДҲО, як синфи пайвастҳои оргавикиро гӯянд, ки ба лзопреноидҳо мансубанд. Дар табиати зинда (микроорганизмҳо, растаниҳо ва ҳайвонот) хелҳои гуногуни Стереоидҳо мавҷуданд. Ба Стереоидҳо стерияҳо, кислотаҳои талха, витамииҳои гурӯҳи Д, гормонҳон ҷинсӣ ва ғадудҳои болои гурда мансубанд. Стереоидҳо дар тиб, нетеринария ва чорводорӣ ба кор мераванд.

Муфассал »

СТЕРЛИНГ

sterling

СТЕРЛИНГ (англисӣ sterling, 1) номи англисии пенни (аз асри 12). Пенни тангаи нуқрагини англу саксҳо буда, нимаи дуюми асри 8 тақрибан 1,5 грамм, асри 16 бошад, 0,5 грамм нуқра дошт (ҳоло пули майдаи Британияи Кабир баробари 1/240 фунт стерлинг). Стерлинг аз oxири асри 14 чун фунт стерлинг истифода мешавад; 2) …

Муфассал »