Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТЕЧКИН Борис Сергеевич

СТЕЧКИН Борис Сергеевич

stechkin

СТЕЧКИН Борис Сергеевич (5. 8. 1891, деҳаи Труфановои ҳозира вилояти Тула — 2. 4. .1969, Москва), гидроагромеханик ва теплотехники советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (4953, аъзокоррспондент 1946), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1961). Шогирди Н. Е. Жуковский. Соли 1918 Омӯзишгоҳи олии техникии Москваро хатм намуд. Ҳамроҳи Жуковский дар ташкили Институти марказии аэрогидродинамика иштирок кард. Стечкин яке аз муассисони Академияи ҳарбии ҳавоии инженерии ба номи Н. Е. Жуковский мебошад (солҳои 1921—53 профессори ҳамин академия буд). Соли 1929 «Назарияи муҳаррикҳои ҳавоию реактивӣ» ном асараш нашр шуд, ки дар он аввалин назарияи ҳаракати ҳавоию реактивӣ баён ёфтааст. Лаурети Мукофоти давлатии СССР (1946), Мукофоти ленинӣ (1957). Бо ордени Ленин, 2 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст;

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …