Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СТОКС Ҷорҷ Габриел

stokes

СТОКС (stokes) Ҷорҷ Габриел (13. 8. 1819, Окрин, графин Слиго, Ирландия—1. 2. 1903, Кембриҷ), физик ва математики англис, аъзо (1851) ва президенти (1885—90) Ҷамъияти подшоҳии Лондон. Асосан оид ба гидродинамика тадқиқот бурдааст (қонуни Стокс). Доир ба оптика, спектроскопия ва люминесция (қоидаи Стокс), гравиметрия, таҳлили векторӣ (формулаи Стокс) асару мақолаҳо навиштааст.

Муфассал »

Шаҳри СТОКГОЛМ

stokholm-city

СТОКГОЛМ (stokholm), пойтахти Швеция, бандар дар соҳили баҳри Балтика. Аҳолиаш 630 ҳазор нафар (1985). Соҳаҳои асосии саноаташ: мошинсозӣ (радиотехника ва радиоэлектроника), полиграфия, саноати сабук, хӯроскворӣ, дорусозӣ ва химия. Аэропорти байналхалқӣ (Арланда) ва дохилӣ (Бромма), инчунин метрополитен дорад. Дар Стокголм университет, мактабҳои олӣ, институтҳои тадқиқоти илмӣ, Академияи Фанҳои шоҳии Швеция ва …

Муфассал »

СТИПЕНДИЯ

stipendia

СТИПЕНДИЯ (аз лотинӣ stipendium — музд, маош), як навъ ёрдамлулист, ки мунтазам ба донишҷӯёни шӯъбаҳои рӯзонаи мактабҳои олӣ, донишгоҳҳои махсус ва ғайра дода мешавад. Онҳое, ки аз тарафи муассисаҳо, сохтмон, колхозу совхозҳо барои таҳсил ба мактабҳои олӣ, миёнаи махсус фиристонда мешаванд, Стипендияро аз ҳисоби ҳамон ташкилотҳо мегиранд. Дар мактабҳои олӣ …

Муфассал »

СТИЛ Андре

andre_stil

СТИЛ (stil) Андре (таваллуд 1. 4. 1921, Эрни, департаменти Нор), нависандаи франсавӣ, публицист. Аъзои Партияи Коммунистии Франция (ПКФ) аз соли 1942. Университети Лиллро хатм кардааст. Иштирокчии Ҳаракати муқобилат. Ходими партияви, журналист (1945—49) буд. Солҳои 1950— 59 сармуҳаррири газетаи «Юманите», сипас шореҳи адабии он. Номзад ба аъзоӣ ва аъзои Комитети Марказии …

Муфассал »

СТЕСЕНКО Владислав Яковлевич

unknown_person-11

СТЕСЕНКО Владислав Яковлевич (таваллуд 25. 4. 1935, Душанбе), математики советӣ, аъзонкоррспонденти Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1985), доктори илмҳои физика ва математика (1970), профессор (1971). Баъди хатми Университети Давлатии Тоҷикистон (11958) ва аспирантураи он (1961) мудири кафедраи муодилаҳои дифференциалии ҳамин университет буд. Аз соли 1966 то 1969 ходими калони …

Муфассал »