Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СУЛТОНӢ

sultani

СУЛТОНӢ, ҷавз, оқпар, шакарак, як навъ ангури миёнсолию дерпазакро гӯянд. Селекцияи халқӣ. Асосан дар раёнҳои водии Ҳисори Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, вилоятҳои Самарқанд, Сурхандарё, Тошкенти Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбекистон, ноҳияҳои токдории Ресспубликаи Совети Сотсиалистии  Туркманистон, Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Қазоқистон маъмул шудааст. Токаш тезсабз, 25- 30%-и навдаҳояш ҳосилдеҳ. Баргаш миёна ва …

Муфассал »

АБУЛАББОСИ ҚАССОБ

АБУЛАББОСИ ҚАССОБ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Абдулкарими Омули (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири мутасаввифи форс-тоҷик (асри 10). Аз машоихи машҳури замонаш буд. Ба қассобӣ рӯз мегузаронид. Дар хонақохи ӯ, ки дар Омул ҷой гирифта буд, суфиёни машҳуре чун Абусаиди Абулхайр, Абулҳасани Хараконӣ рафтуомад доштаанд. Аз осори Абулаббоси Қассоб баъзе …

Муфассал »

АБУЛАББОСИ ИМОМӢ

АБУЛАББОСИ ИМОМӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-точик (охири асри 10 – ибтидои асри 11). Оид ба ҳаёт ва фаъолияти эчодии ӯ маълумот хеле кам аст. Аз ашъори ӯ дар фарҳангҳою китобҳои шеър абёти пароканда боқӣ мондааст. Шамси Қайси Розӣ дар «Ал-Мӯъҷам» дар мавриди ҳарфи равии қофия ин ду …

Муфассал »

АБУЛАББОСИ БАХТИЁР

АБУЛАББОСИ БАХТИЁР Устод Абулаббоси Мутриб (872, Марв – 920, Бухоро), сароянда, навозанда ва мусиқидони тоҷик (нимаи дуюми асри 9 – аввали асри 10). Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Аз овони ҷавонӣ ба илми Юнону Араб рағбат зоҳир карда, дар муддати кӯтоҳ илмҳои даврашро аз худ намудааст. Абулаббоси Аббосӣ чун …

Муфассал »

АБУЛАББОСИ АББОСӢ

АБУЛАББОСИ АББОСӢ Абулаббос (соли таваллуд ва вафот номаълум), шои­ри форс-тоҷик (асри 10). Абулаббоси Аббосӣ аз аҳли Мовароуннаҳр буда, дар ҳамин диёр касби камол намудааст. Аз ӯ ҳамагӣ 66 байт боқӣ мондаанд. ки аз фарҳангҳо, «Луғати фурс»-и Асадии Тусӣ ва дигар сарчашмаҳо ҷамъоварӣ шудаанд. Абёти боқимондаи Абулаббоси Аббосӣ пораҳо аз қасоид, …

Муфассал »