Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛАББОСИ БАХТИЁР

АБУЛАББОСИ БАХТИЁР

АБУЛАББОСИ БАХТИЁР Устод Абулаббоси Мутриб (872, Марв – 920, Бухоро), сароянда, навозанда ва мусиқидони тоҷик (нимаи дуюми асри 9 – аввали асри 10). Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Аз овони ҷавонӣ ба илми Юнону Араб рағбат зоҳир карда, дар муддати кӯтоҳ илмҳои даврашро аз худ намудааст.

Абулаббоси Аббосӣ чун устоди барбат дар аҳди Сомониён шӯҳрати беандоза пайдо мекунад ва бо роҳбарии ӯ дар Бухоро мактаби мусиқӣ таъсис меёбад, ки дар он худ аз назарияву амалияи илми мусиқӣ дарс мегӯяд. Мувофиқи маълумот Абулаббоси Аббосӣ барои ин мактаб чандин асарҳои таълимӣ иншо намудааст ва илова аз китобҳои ҷудогонаи мусиқии Птолемей ва Ев­клид таълим додааст.

Махсусан ба «Ритмиқус»-и Уклидус, «Қонунҳо»-и Аристоксен ва «Ритмиқус»-и Никомахус тафсир навиштааст, ки минбаъд Абунасри Форобиву Ибни Сино аз он бахра бардоштаанд. Зери сарпарастии ӯ мусиқидонону навозандагон ва сарояндагон Ҳобони Нойӣ, Мударники Нойӣ, Исои Барбатӣ, Лӯкарии Чангй, устод Рӯдакӣ мусиқӣ омӯхтаанд. Махсусан, дар камолоти эҷодии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нақши муассир доштааст.

Адабиёт; Раҷабов А., Суннат ва навоварӣ дар тамаддуни мусиқии замони Рӯдакӣ, Душанбе. 2008; Донишномаи Шашмақом, Душанбе. 2009. А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …