Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СУРМА

surma

СУРМА (лотинӣ Stibium) Sb, элементи химиявии гурӯҳи V системаи даврии Менделеев; рақами атомӣ 51, массаи атомӣ 121,75. Металли сафеди нуқратоб. 2 изотопи собити табиии Сурма—121Sb (57,25%) ва 123Sb (42,75%) маълум аст; аз изотопҳои сунъиаш маъмултаринашон 122Sb (Т1/2 = 2,8 шабонарӯз), 124Sb (Т1/2 = 60,2 шаборӯз) ва 125Sb (Т1/2 = 2 …

Муфассал »

СУРМАДОН

surmadon

СУРМАДОН, халтача ва ё давотест барои нигоҳ доштани сурма ва ё маҳлули омодаи он (барои ба абрӯ ва мижгон кашидан).

Муфассал »

Деҳаи СУРКАТ

deha

СУРКАТ, деҳаест дар Совети қишлоқи Пошкенти ноҳияи Ӯротеппа, вилояти Ленинобод. Дар ҳудуди колхози «Съезди 29- уми партия». Аз деҳа то маркааи Соҷети қишлоқ 5 км, то ноҳия 10 км. Аҳолиаш 1200 нафар (1986). Мактаби миёна, пункти тиббӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ токдорӣ, сабзавот ва ғаллакорист.

Муфассал »

СУРКОВ Алексей Александрович

surkov-a-a

СУРКОВ Алексей Александрович (13. 10. 1899, деҳаи Середнево, ҳозира райони Рыбински вилояти Ярославль —14. 06. 1983, Москва), шоири советии рус, ходими ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1969). Аъзои КПСС аз соли 1925. Факултети адабиёти Институти профессураи сурхро тамом кардааст (1934). Иштирокчии Ҷанги гражданӣ (1918—20) ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Асарҳояш аз …

Муфассал »

СУРИЯГИҲО

syria

СУРИЯГИҲО, арабҳои Сурия, миллат, аҳолии асосии Сурия. Шумораашон тақрибан 8 млн. нафар (1980). Зиёда аз 200 ҳазор Суриягиҳо дар мамлакатҳои гуногун (асосан дар Америкаи Ҷанубӣ) зиндагӣ мекунанд. Суриягиҳо бо шеваи суриягии забони арабӣ гап мезананд. Тақрибан 85% диндорон мусулмонон (асосан суннӣ) буда, боқимондаашон пайрави масеҳиятанд (православҳо, католикҳо ва ғайра). Як …

Муфассал »