Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СУРЪАТИ САДО

surati-sado

СУРЪАТИ САДО, суръати паҳншавии мавҷи садост, ки дар муҳити гуногун ҳар хел бувад. Суръати садо дар газҳо назар ба моеъҳо суст ва дарҷисмҳои сахт аз моеъҳо ҳам сусттар аст (илова бар ин барои мавҷҳои барӣ назар ба машҷҳои қадӣ сакин мебошад). Суръати садо дар газҳо ва буғҳо аз 150 то …

Муфассал »

СУРЪАТИ РӮШНОӢ

surati-rushnoi

СУРЪАТИ РӮШНОӢ (суръати нур) дар фазои холӣ (дар вакуум) с, суръати паҳншавии мавҷҳои электромагнитӣ (аз ҷумла нур)-ро гӯянд. Суръати рӯшноӣ яке аз собитаҳои асосии физикаи муосир буда, ҳадди охирини суръати паҳншавии ҳама гуна таъсироти физикӣ дониста мешавад (нигаред Назарияи нисбият). Дар шароити муқаррарӣ бо Суръати рушноӣ ягон сигнал паҳн шуда …

Муфассал »

СУРЪАТИ РЕАКСИЯИ ХИМИЯВӢ

surati-reaksiya

СУРЪАТИ РЕАКСИЯИ ХИМИЯВӢ, мафҳуми асосии кинетикаи химиявист, ки тағйир ёфтани адади зарраҳо (молекулаҳо, ионҳо)-и ҳамагуна моддаи дар реакция иштироккунандаро дар воҳиди вақт ба воҳиди ҳаҷм (барои реакцияҳои гомогенӣ) ё ба воҳиди масоҳати сатҳ (барои реакцияҳои гетерогенӣ ва топохимиявӣ) ифода мекунад. Суръати реаксияҳои химиявиро миқдоран аз рӯи тағйири консентрацияи моддаҳои ба …

Муфассал »

СУРЪАТИ КУНҶӢ

surati-kunji

СУРЪАТИ КУНҶӢ, бузургиест, ки суръати чархзании ҷисми сахтро тавсиф медиҳад. Ҳангоми чархзании мунтазами ҷисм дар гирди меҳвари сокин Суръати кунҷии он адади ба w=Δ/Δt баробар мешавад, ин ҷо Δ афзоиши кунҷи гардиш Δt дар фосилаи вақти Δt. Дар мавриди умумӣ Суръати кунҷӣ ададан ба нисбати кунҷи элементарии гардиш dѱ бар …

Муфассал »

СУРЪАТИ СЕЮМИ КАЙҲОНӢ

surati-kayhoni

СУРЪАТИ СЕЮМИ КАЙҲОНӢ, суръатеро гуянд, ки ҳангоми ба он соҳиб шудан аппарати париш қувваҳои ҷозибаи Замин ва Офтобро бартараф намуда, ба фазои байниситоравӣ парвоз карда метавонад. V3 = 16,67 км/сон аст.

Муфассал »