Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СУФФИКС

book-1

СУФФИКС (аз лотинӣ sufixus — пайвасташуда), морфемаи аффиксиест, ки ба решаи калима ҳамроҳ карда мешавад. Аз ҷиҳати тағири маънои луғавии калима ё ифодаи маънои грамматикӣ Суфффиксҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: 1) калимасоз— Суффиксҳое, ки маънои калимаро тағйир дода, калимаи нав месозанд (саодат-манд, тавон-гар, навбат-чӣ, боғ-бон ва ғайра); 2) шаклсоз …

Муфассал »

СУФТАГАРӢ

suftagari

СУФТАГАРӢ, шлифовка, соида ҳамвор ё лағжишдор карданд чизест (дастӣ ё тавассути афзор дар дастгоҳи суфтагарӣ ва дигарӣ асбобҳои металлбурӣ). Дар натиҷаи Суфтагарӣсатҳи ашёи металлиро то дараҷаи 1-уми дақиқӣ (нигаред Дараҷоти дақиқӣ) суфтан мумкин аст. Суфтагариро барои коркарди сатҳҳои дарунӣ ва берунии ашёи металлӣ, пластмассагӣ, сафолӣ, сангӣ, чӯбӣ ва ғайра истифода …

Муфассал »

СУФМОҲӢ

sufmohi

СУФМОҲӢ (Stizostedion ё Lusiopersa), як ҷинси моҳиро гӯянд. Да розиаш то 120 см, вазнаш то 42 кг мешавад. Суфмоҳӣ моҳия дарранда аст. Онро ба обанбори Қайроққум бо мақсади нест кардани моҳиҳои камфоида аз дарёи Урал ва Бийликӯл (Қазоқистон) солҳои 1963, 1965—66 овардаанд. Дар обанбори Қайроққум Суфмоҳӣ дар 2—3-солагӣ болиғ мешавад. …

Муфассал »

СУФАҲО

sufakuh

СУФАҲО дар геогафия ва геология, майдончаҳои табиии ҳамвор ё андаке моили нишебии кӯҳу теппаҳо, водию дарёҳо ва соҳили кӯлу баҳрҳоро гӯянд, ки аз канор зинаҳо дорад. Суфаҳо аз таъсири обҳои равон ё мавҷи ҳавзаҳои об дар натиҷаи бардошташавии номураттаби тектоникӣ ба вуҷуд меоянд. Онҳо алоҳида ё пай дар ҳами зинашакл …

Муфассал »

СУФАКӮҲ

sufakuh

СУФАКӮҲ, кӯҳҳоеро гӯянд, ки қуллаҳояшон ҳамвору нишебиҳояшон каму беш рост ё ки зинашакланд. Сатҳи ҳамвори Суфакӯҳ одатан аз ҷинсҳои сахту мазбут таркиб ёфтааст. Маҳалҳои калонеро, ки релефашон асосан аз Суфакӯҳ иборат аст, ноҳияҳои суфакуҳӣ меноманд (масалан, суфакӯҳҳои Турғай ва Устюрт дар СССР).

Муфассал »