Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХОКПОРУ

xokporu

ХОКПОРУ, порухок, гумус, маҷмӯи моддаҳои органикии хокро гӯянд, ки дар натиҷаи пусишу гумификацияи наботот ва организмҳои дигар ҳосил шудааст. Ниг. ниа Гумус.

Муфассал »

ХОКСОР Шукруллоҳхони Хофӣ

ХОКСОР Шукруллоҳхони Хофӣ(с. тав. номаълум — ваф. 1697, Майвот, Ҳиндустон), шоири форсизабони Ҳиндустон. Гузаштагонаш аз Хофи Хуросон буда, аз он ҷо ба Шероз, аз Шероз ба Ҳиндустон рафтаанд. Xоксор дар сарзамини Ҳинд таввалуд шуда, ба камол расидааст. Вазифаи фавҷдории шаҳру вилоёти Сарҳинд, Сикандаробод ва Шоҳиҷаҳонободро ба ҷо овардааст. ӯ дӯсту ҳомии …

Муфассал »

ХОКОБ

obmoni

ХОКОБ, як тарзи обмониро гӯянд; обест, ки пас аз кишти зироат монанд. Сабзиши пуравҷ ва ҳосилбандии растанӣ ба муҳлати гузаронидани Xокоб алоқаманд аст. Ба замини сабзиву пиёз қабл аз неш задани тухмӣ, харбуза, тарбуз ва бодиринг асосан ҳангоми найчабандӣ, ҷуворимакка ва ҷуворӣ пас аз пайдо шудани баргҳои сеюму чорум, пахта …

Муфассал »

ХОККЕЙ

hockey

ХОККЕЙ (англ, hockey – ба як ҳисоб аз франсавии қадим froguet- aeon кашакдори чӯпон), бозии тарафайни спортист, ки бо ҷавгону гӯй (шайба) дар майдони махсуси дарвозадор гузаронида мешавад. Бозии Xоккей асосан 4 навъ аст: дар рӯи ях, (бо шайба ва бо гӯй) дар рӯи алаф ва ринк —Xоккей (ҳангоми бозӣ …

Муфассал »

ХОККАНАК

ХОККАНАК, хокканакҳо (Sori-Cidoe), як ҷинси ҷонварҳои мушмонанди ҳашаротхӯрро гӯянд. Пусташон махмалӣ, пойҳояшон кутоҳ, сарашон калон, фукашон хартумчашакл. Xокканак ҳайвони ҳарчихӯранд, вале бештар ҳашарот ва кирминаҳоро мехӯранд. Xокканак дар хушкӣ (тано Neomys дар обу хушкӣ) зиндагӣ мекунанд. Баъзе Xокканакҳо (Sorex) зараррасонҷои хоҷагии қишлоқу ҷангал – ҳашарот ва кирминаи онҳоро тамоми сол …

Муфассал »