Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХОРИ МОРАК

xori-morak

ХОРИ МОРАК, моракхор (Cir-sium), гиёҳест аз оилаи мураккабгулҳо. То 1—4,5 м қад мекашад. Баргаш пармонанди паррадор, гулаш найчашакл, гуногун ранг (сурх, зард, сафед ва ғ.). Дар СССР 113 намуди Xори морак дар ҳама ҷо (ғайр аз минтақаҳои қутбӣ, камборшӣ ва биёбон), аз ҷумла дар Тоҷикистон (6—7 намуд) месабзад, С. turcestanicum …

Муфассал »

ХОРИ ГУРГАК

xori-gurgak

ХОРИ ГУРГАК, гургакхор (Cnicus benedictus), як навъ гиёҳро гўянд (аз оилаи мураккабгулҳо). Пояаш рост, 5-қирра, сёршох, каме часпак. Аз 20 то 70 см қад мекашад. Баргаш дарозрўя (то 20 см), паррадор, серпат ва хордор. Гулаш майдаи найчашакл, зардтоб. Хўшагулаш «сабадак» (диаметраш то 2 см). Тухмаш дорчинии зардтоб; вазни 1000-тоаш 23—27 …

Муфассал »

ХОРИ КАРРОК

xori-karrok

ХОРИ КАРРОК, алохор, бозовард, кукухорак (Silybum ma-rianum), гиёҳест аз оилаи мураккабгулҳо. Пояаш рост, одатан бешоха; 60—160 см қад мекашад. Баргаш калони хордор рахҳои сафед дорад. Хўшагулаш «сабадак»-и калон, дар нуги поя ҷой гирифтааст; гулаш майда, найчашакли арғувонист. Донаш зардтоб, ҷилодор. Одатан моҳҳои май — июн гул мекунад, авг.—сент. тухм мебандад. …

Муфассал »

ХОРЕОГРАФИЯ

xoreography

ХОРЕОГРАФИЯ (аз юн. choreia — рақс ва …графия), дар ибтидо ин истилоҳ фақат ба маънии сабти рақс истифода мешуд, баъдтар санъати офариниши рақсу балет ва аз ох. а. 19 ва ибт. а. 20 умуман санъати рақсро ифода мекунад.

Муфассал »

ХОРЕЯ

xoreya

ХОРЕЯ (аз юн. choreia — рақс), ҳаракатҳои номувофиқ, ғайриихтиёрӣ ларзидани дасту пой ва ғ.-ро гўянд. Як навъи гиперкинезия (ҳаракати барзиёд). Ҳангоми иллатёбии органикии баъзе қисмҳои таҳтиқишрии мағзи cap пайдо мешавад. Хореяи хурд (ё Хореяи Сиденхем) бештар дар кўдакон ва наврасон чун зуҳури тарбод инкишоф меёбад. Хореяи дер ё Хореяи Хантингтон …

Муфассал »