Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХОРИ КАРРОК

ХОРИ КАРРОК

ХОРИ КАРРОК, алохор, бозовард, кукухорак (Silybum ma-rianum), гиёҳест аз оилаи мураккабгулҳо. Пояаш рост, одатан бешоха; 60—160 см қад мекашад. Баргаш калони хордор рахҳои сафед дорад. Хўшагулаш «сабадак»-и калон, дар нуги поя ҷой гирифтааст; гулаш майда, найчашакли арғувонист. Донаш зардтоб, ҷилодор. Одатан моҳҳои май — июн гул мекунад, авг.—сент. тухм мебандад.

xori-karrok

Xорри каррок чун алафи бегона дар бисёр мавзеъҳои Тоҷикистон (алалхусус қ-кўҳҳои Ҳисору Дарвоз ва ғ.), бештар дар канори роҳҳо, назди иқоматгоҳҳо, замини партов, боғу киштзор ва ғ. нумў меёбад; гиёҳи доруии қадимист. Ҷолинус (Гален) онро барои табобати касалиҳои гуногун истифода бурдааст. Абўалии Сино бо ҷўшоби бехи бозовард ниқрис, хунпартоӣ, исҳоли куҳан ва дарди дандонро муолиҷа мекард, инчунин доруи пешоброн ва муқаввии узвҳои ҳозима тавсия медод. Аз он марҳам тайёр карда, ба омос мебаст. Табибони халқӣ ҷўшоб ё хокаи тухми Xори каррокро аз қадим барои табобати иллати ҷигар, сипурз, заҳрадон ва заъфарма (ярақон) истифода мебаранд. Дар фитотерапия (табобати наботӣ) бо тухми Xори каррок илтиҳоби ҷигар, иллати сипурз, заҳрадон, санги заҳрадон, заъфарма ва бавосирро муолиҷа мекунанд. Аз Xори каррок дар бисёр мамлакатҳо якчанд хел дору тайёр намудаанд. Қиёми мевааш ҷузъи таркибии доруи «Холелитин» аст, ки бо он холецистит, заъфарма ва ғ-ро табобат мекунанд.

Тухми Xори каррок 16—32% равғани хўрданӣ,  0,08% равғани эфир, витамини К, 5″ флавоноид, зифт, сапонинҳо, аминҳо (тирания, гистамин) ва ғ. дорад. М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …