Маълумоти охирин

ХОРЕЯ

xoreya

ХОРЕЯ (аз юн. choreia — рақс), ҳаракатҳои номувофиқ, ғайриихтиёрӣ ларзидани дасту пой ва ғ.-ро гўянд. Як навъи гиперкинезия (ҳаракати барзиёд). Ҳангоми иллатёбии органикии баъзе қисмҳои таҳтиқишрии мағзи cap пайдо мешавад. Хореяи хурд (ё Хореяи Сиденхем) бештар дар кўдакон ва наврасон чун зуҳури тарбод инкишоф меёбад. Хореяи дер ё Хореяи Хантингтон бештар дар синни 35—40 солагӣ пайдо шуда, музмин мегузарад.

Муолиҷаи Хореяи хурд: истеъмоли доруҳои зидди тарбод (салицилатҳо ва ғ.), доруҳои оромибахш ва зиддиаллергӣ (димедрол, супрастин ва ғ.) Ҳангоми Хореяи деру музмин истеъмоли аминазин, резерпин ва ҳангоми баландшавии тонуси мушакҳо истеъмоли доруҳои холинолитӣ (циклодол ва ғ.), мидантан.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …