Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХОҶА ОБИ ГАРМ

xoja-obi-garm

ХОҶАОБИГАРМ, курорти табобатӣ дар Тоҷикистон. Дар нишебии Ҷанубии қ-кўҳи Ҳисор (52 км шимолтар аз Душанбе), дар баландии 1860—1900 м ҷой гирифтааст. Тобистонаш гарм (ҳарор. миёнаи июль 22°С); зимистонаш сербарфи мулоим (ҳарор. миёнаи янв. — 2°С; боришоти солона 1430 мм. Xоҷаобигарм соли 1934 таъсис ёфтааст. Омили асосии табобатиаш обҳои минералии камрадиоактивӣ …

Муфассал »

ХОҶАМӮЪМИН

xoja-mumin

ХОҶАМЎЪМИН, кўҳи намакест дар pаёни Восеи вил. Кўлоб. 4 км ҷанубтар аз птш Восеъ ва 24 км ҷан. ғарбтар аз ш. Кўлоб, дар соҳили чапи д. Яхсу (Ёғсу) воқеъ гаштааст. Кўҳи Xоҷамўъмин яке аз калонтарин дар ҷаҳон гунбазҳои намак мебошад. Тарҳи он аз боло доирашакл буда, аз паҳлў ба конуси …

Муфассал »

ХОҶАНАЗАРОВА Қундузой

ХОҶАНАЗАРОВА Қундузой (с. тав. номаълум — ваф. 1936, деҳаи Тезгари раёни Ленини РСС Тоҷикистон), иштирокчии фаъоли ҷанги гражданӣ ва барқароркунии Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Батраки мекард. Ғaлабаи Революцияи. Кабирии Социалистии Октябрь ва Ҳокимияти Советиро бо хушнудӣ қабул кард. Дар давраи Ҷанги гражданӣ ба отрядҳои Армиям Сурх ёрӣ расонд. Чун разведкачии …

Муфассал »

ХОҶАМБЕРДИЕВ Эгамбердӣ

hojamberdiev

ХОҶАМБЕРДИЕВ Эгамбердӣ (тав. 1912, деҳаи Ошобаи раёни Ашт), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45), дорандаи се ордени Шараф (дараҷаҳои 3, 2, 1), сержанти калон. Аъзои КПСС аз с. 1943. То саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шуъбаи милицияи раёни Қалъаи Лабиоб кор мекард. Аз с. 1941 дар сафи Армияи Советӣ. Тупчии Дивизияи …

Муфассал »

ХОҶАКЕНТ

xojakent

ХОҶАКЕНТ, қароргоҳи палеолитии мансуб ба давраи мустье (60— 40 то м.), ки дар деҳаи назди ГЭС-и Чорваки РСС Узбекистон воқеъ гаштааст. А. П. Окладников солҳои 1958—59 онро кашф ва тадқиқ намуд. Аз. Xоҷакени адади ками олоти сангин ба давраи мустье хос ёфт шуд. Боэёфтҳои Xоҷакент аз рўи сохт, тарзи коркард …

Муфассал »