Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХРЕСТОМАТИЯ

xrestomatiya

ХРЕСТОМАТИЯ (юн. chrestoma-theia, аз ehrestos—судбахш ва manthano— мехонам), китоби хонишест, ки дар он материалҳои ягон соҳаи дониш мураттаб интихоб шудаанд. Он ба тариқи маҷмўа аз порчаҳои мунтахаби бадеӣ, ёддошт, илмӣ, публицистӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои мухталиф иборат буда метавонад. Одатан, материалҳое, ки ба Xрестоматия дохил мешаванд, мувофиқи мавзўи таълимии илми муайян ва …

Муфассал »

ХРЕННИКОВ Тихон Николаевич

khrennikov-t-n

ХРЕННИКОВ Тихон Николаевич (тав. 10. 6. 1913, ш. Елец), бастакор ва ходими ҷамъиятии советӣ. Арт. Халқии СССР (1963), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1973). Аъзои КПСС аз с. 1947. Консерваторияи Москваро хатм намуд (1936). Аз с. 1961 дар Консерваторияи Москва дарс медиҳад (аз с. 1966 проф.). Аз с. 1948 Котиби генералӣ ва …

Муфассал »

ХОҶӮИ КИРМОНӢ

ХОҶЎИ КИРМОНӢ -Абулато Камолуддин Маҳмуд ибни Али (1290, Кирмон —1354, Шероз), шоири форс-тоҷик. Дар таърихи адабиёти форс-тоҷик ин шоир баъди Хусрави Деҳлавӣ дувумин шахсест, ки анъанаи Низоми Ганҷавиро давом дода, достонҳои ишқию ахлоқӣ сурудааст. Ў соҳиби шаш маснавист, ки панҷтояш бо номи «Хамсаи Хоҷу» ёд шудааст. Маснавии аввали худ «Ҳумой …

Муфассал »

ХОҶАСАРТЕЗ

mumin

ХОҶАСАРТЕЗ, кўҳи намакест дар раёни Восеи вил. Кўлоб. 10—12 км ғарбтар аз ш. Кғўлоб ва 15 км шимолтар аз птш Восеъ, дар соҳили рости д. Яхсу (Ёғсу) воқеъ аст. Яке аз калонтарин гунбазҳои намаки ҷаҳон мебошад. Андозаи гунбаз 9X11 км; баландиаш аз с. б. 980 м ва аз сатҳи водии …

Муфассал »

ХОҶАСАНГХОК

xojasangxok

ХОҶАСАНГХОК, чашмаи минералиест, ки 89 км шимолтар аз ш. Душанбе, дар водии д. Зиддӣ воқеъ аст. Оби чашма аз таркиши варақсангҳои давраи силур ба рўи Замин мебарояд ва аз ҷиҳати таркиб ба оби Нарзан наздик аст. Оби минералие, ки бо номи «Анзоб» маъмул аст, аз Xоҷасангхок гирифта мешавад. Я. М. …

Муфассал »