Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

«ХУЛОСАТ-УЛ-АФКОР»

«ХУЛОСАТ–УЛ–АФКОР» тазкираест, ки Абутолибхони Табрезии Исфаҳонӣ (ваф. 1805) байни солҳои 1791—93 таълиф кардааст. Аз муқаддима, 28 ҳадиқа (боб), 1 зайл (фасл) ва хотима иборат аст. Дар мудқаддима аз хусуси шеъру шоирӣ ва қонуну қоидаҳои тазкиранависӣ, сабабҳои ба таълифи тазкираи «Xулосат-ул-афкор» даст заданаш баҳс кардааст. Дар 28 г ҳадиқа зикри аҳвол …

Муфассал »

ХУЛОСАБАРОРӢ

ХУЛОСАБАРОРӢ, як шакли ҷараёни тафаккурро гўянд, ки дар он : аз як ё якчанд муҳокима хулоса бароварда мешавад. Ҳар як Xулосабарорӣ аз муқаддима ва хулоса иборат аст. Муқаддимаҳои Xулосабарорӣ муҳокимаҳои ибтидоӣ мебошанд. Дурустии Xулосабарорӣ ба риоя намудани шартҳои зерин вобаста аст: 1) муқаддимаҳо бояд ҳақ бошанд; 2) дар ҷараёни ифодаи …

Муфассал »

ХУЛОСА

ХУЛОСА, чунин натиҷаи мантиқиеро гўянд, ки аз муқаддимаҳо бармеояд. Дар мантиқи математикӣ байни Xулоса ҳамчун натиҷаи мантиқӣ ва Xулоса ҳамчун гузариши мантиқӣ аз муқаддимаҳо ба натиҷа тафовут мавҷуд аст. Аммо дар мантиқи анъанавӣ чунин тафовут ба эътибор гирифта намешавад.

Муфассал »

ХУЛАФОИ РОШИДИН

xulafoi-roshiddin

ХУЛАФОИ РОШИДИН (халифаҳои росткор) (632—661), давраи ҳукмронии чор халифа (Абўбакр, Умар, Усмон, Ҳайдар (Алӣ)-ро ки бо Муҳаммад хешии авлодӣ ё оилавӣ доштанд, дар бар мегирад. Баъди марги Муҳаммад (с. 632) ва ба сари хилофат омадани Абўбакр бисёр аз қабилаҳои араб, ки исломро қабул карда буданд, аз ў рўй гардонданд. Дар …

Муфассал »

ХУЛМӢ

АБДУХОЛИҚӢ

ХУЛМӢ, як навъ зардолуи калондонаи зардтоб, ки бодомшаклу сергушт аст.

Муфассал »