Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ЧОЙИ МУРОД

choyi-murod

ЧОЙИ МУРОД, муродчой (Al-chemilla hissarica), гиёҳи бисьёрсолаест аз оилаи настаранҳо. 10—30 см қад мекашад. Баргаш гурдашакл ва дарозрӯя, 3—9-парра (бараш 1—5 см), дандонадор. Хӯшагулаш туғшакл (аз 5—9 қуббачаҳои сергул иборат аст); гулаш майда, сабзи зардтоб (моҳҳи июнь — авг. гул карда тухм мебандад). Гиёҳи хоси Помиру Олой аст. Дар Тоҷикистон …

Муфассал »

ЧОЙБАЛСАН Хорлогийн

choybalsan

ЧОЙБАЛСАН Хорлогийн (8. 2. 1835, Цецэнхан, ҳозира аймоқн Шарқӣ — 26. 1. 1952, Москва, дар Улан-Батор мадфун аст), яке аз асосгузорони Партияи халқӣ — революдионии Муғулистон  (1921), сарвазири РХМ аз с. 1939, маршал (1936). Дар вақти амалиёти якҷояи қӯшунҳои Иттифоқи Советию Муғулистон дар торумор кардани милитаристони Япония дар назди д. …

Муфассал »

ЧОЙ

choy

ЧОЙ, чо, 1) буттаи чой, дарахти чой, чойбун (Thea sinensis), як навъ бутта ё дарахти хурди ҳамешасабзро гӯянд, ки барги махсус хушконидаи онро дар оби ҷӯш дам карда менўшанд; аз рўи таснифоти ботаника ба оилаи чойиҳо тааллуқ дорад. Дар шароити зироат то 1,5 м қад мекашад. Баргаш дарозрӯяи нӯгтез (6—30 …

Муфассал »

ЧОИ ШАБГАРДАК

choi-shabgardak

ЧОИ ШАБГАРДАК, сиёҳсарак, тутғӯзак (Poterium), ҷинси гиёҳҳои бисьёрсола ё нимбуттаву буттаест аз оилаи настаранниҳо. Дар шароити табиии Помиру Олой 30—80 см қад мекашад. Пояаш рост, барги бехи пояаш аз 5—6, 8, 12, 17 баргча иборат аст. Гулаш майдаи сабзтоб. Мевааш ду тухма. Май — июнь гул карда, июнь — июль …

Муфассал »

ЧОДАРКАНОН

chodar

ЧОДАРКАНОН чимилиқканон,  торканон, яке аз маросимҳои баъди тўи арўсиро гўянд. Ин маросимро дар Ҳисор чодарканон, Уротеппа тахтфаророн, Қаротегин дастбеша, дар Ленинобод чимилиқканон меноманд. Одатан Чодарканон дар ҳар куҷо ҳар хел аст. Mac., дар Ленинобод, Кӯлоб баъди 3—6 рӯз, дар Уротеппа ва баъзе ноҳияҳои дигар худи ҳамон рўз ё рӯзи дигар, …

Муфассал »