Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ЧОРМОҒАК

chormoghak

ЧОРМОҒАК, чормоғкаҳак, чормоғбутта, занбӯя, сояи сангбаққа (Dictamnus tadsbiko-rum), гиёҳи бисёрсолаи худрӯст (аз оилаи судобиҳо). Пояаш рост, сербарг (65—150 см қад мекашад). Баргаш пармонанд, мураккаб (аз баргчаҳои бисёр иборат); гулаш калони 5-барга (дарозии гулбаргаш 2—4,5 .см, бараш 0,6—2 см), гулоби ё гулобии сурхтоб; хушагулаш базеб (дарозиаш 8—30 см), тутшакл, сергул (ҳар …

Муфассал »

ЧОРМЕХ

chormex

ЧОРМЕХ як навъ ҷазоро гўянд, ки дар Шарқи феодалӣ дасту пои гунаҳкорро мехкуб мекарданд.  

Муфассал »

ЧОРМАҒЗИҲО

chormaghziho

ЧОРМАҒЗИҲО, ҷавзиҳо (Jug-landaceae), як оилаи растаниҳои дупалларо гӯянд. Чормағзиҳо асосан дарахтони хазонрезанд. Барги пармонанд доранд; дар шохаву навдаҳо пайдар ҳам, баъзан рӯ ба рӯ ҷой мегиранд. Гули ҷудоҷинса ва хӯшагули «гӯшворак» дорад. Меваи онҳоро «чормагз» мегўянд; мағз дар дохили пардаи тунук ҷой гирифтааст. Чормағзиҳо 8 ҷинс ва қариб 70 намуд …

Муфассал »

ЧОРМАҒЗИ ЗАМИНӢ

ЧОРМАҒЗИ ЗАМИНӢ, финдиқи заминн, арахис (Arachis hy-pogac), гиёҳи яксолаест аз оилаи лӯбиёиҳо. Пояаш борик, сершохи сабз ва серпашмак, ба монанди палак месабзад. Баргаш мураккаби пармонанд (аз 2 ҷуфт баргчаҳо иборат), хушагулаш 5—7-гула, шукуфааш зард ё норинҷӣ, ғилофакмевааш 1—5-тухма (дарозиаш 1—3 см), мағзаш лӯнда ё дарозрӯя, гулобӣ ё гулобии ҷигарранг, май …

Муфассал »

ЧОРМАҒЗАК

ЧОРМАҒЗАК, 3ардо лу, ағбаест дар қисми шим. шарқии қ-кӯҳи Рангон. Баландӣ аз с. б. 1678 м. Аз ағба роҳи автомобилгарди Душанбе — Норак мегузарад, ки он тамоми сол кушода аст. Аз ағба ба сӯи посёлкаи Ёвон роҳи автомобилгард ҳаст. Ю. С. Усков.

Муфассал »