Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Деҳаи ШАМТУЧ

shamtuch-village

ШАМТУЧ, деҳаест дар pаёни Айнии вил. Ленинобод. Маркази С. қ. Шамтуч. Ҳудуди колхози «Тоҷикистон». Аз деҳа то маркази район 55 км. Аҳолиаш 1030 наф. (1986). Деҳа мактаби миёна, клуб, китобхона, пункти тиббӣ, фермаи говпарварӣ, ошхона ва магазин дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ ғаллакорӣ, тамокую сабзавоткорӣ ва кирмаку чорводорист.

Муфассал »

ШАМСӢ СОБИР

ШАМСӢ СОБИР (фам. Собиов; тав. 26. 12. 1926, Хуҷанд), тарҷумони советии тоҷик. Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз с. 1962. УДТ-ро хатм кардааст (1956). Муҳаррири нашриёти «Ирфон» (1956—65), ходимн илмии Иниститути забон ва адабиёти АФ РСС Тоҷикистон (1962—65), ҷонишини сармуҳаррири Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба нашриёт, полигарафия ва савдои …

Муфассал »

«ШАМС-УЛ-ЛУҒОТ»

book-5

«ШАМС–УЛ–ЛУҒОТ» фарҳангест, ки бо кӯшиши гуруҳи донишмандони Ҳиндустон, таҳти poҳбарии Ҷозеф Баретто с. 1802 мураттаб шудааст. Он ду бор (с-ҳои 1801 ва 1891) ба табъ расидааст. Бештар аз 38500 моддаи луғавӣ (калимаҳои форсӣ, арабӣ, туркӣ, юнонӣ, ҳиндӣ ва ғ.) -ро дар бар мегирад. Дар ин фарҳанг баробари принципҳои луғатсозии пешина …

Муфассал »

ШАМСУДДИНИ ТОЪӢ

ШАМСУДДИНИ ТОЪӢ(с. тав. ва ваф. номаълум), Хоҷа Шамсуддини Муҳаммади Тоъӣ, мусиқишиноси форс-тоҷик (а. 13). Дар Хуросон таваллуд ёфта, он ҷо зиндагӣ ва таҳсил кардааст. ӯ аз овони ҷавонӣ илмҳои фалсафа, риёзиёт, бадеъ ва мусиқиро аз бар карда, осори илмию назариявии олимони машҳури замонашро омӯхтааст. Аз осори мусиқии Форобӣ, Ибни Сино …

Муфассал »

ШАМСУДДИНИ ТАБАСӢ

ШАМСУДДИНИ ТАБАСӢ Муҳаммад ибни Абдулкарим (с. тав. номаълум — ваф. 1229, Ҳирот), шоири форс-тоҷик. Аз Хуросон барои таҳсил ба Бухоро омада, минбаъд сокини Самарқанд шуд. Дар охири ҳаёташ қозии ш. Ҳирот буд. Аз Шамсуддини Табасӣ девони ашъоре дар ҳудуди 2 ҳаз. байт (қасоид, ғазалиёт, рубоиёт, муқатаот ва ғ.) боқист. Шоир …

Муфассал »