Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

АБУНАСРИ АБУЗАЙД

АБУНАСРИ АБУЗАЙД Аҳмад ибни Муҳаммад (соли таваллуд номаълум – қатл баҳори 997), котиб ва вазири дарбори Оли Сомон дар ахди амир Нӯҳ ибни Мансур. Абунасри Абузайд дар даврони ҳукумати амир Нӯҳ ду бор вазир таъин шудааст: бори аввал дар соли 990 пас аз азли Абуалии Домғонй, вале ин давраи вазирӣ …

Муфассал »

Абунаср ибни Муҳаммад

АБУНАСР, Бунаср, номи пуррааш Абунаср ибни Муҳаммад, машҳур ба Бунасри Мутриб (889, Марв – 961, Бухоро), мусиқидон, навозанда ва сарояндаи форсу тоҷик (асри 10). Абунаср илмҳои замонашро дар зодгоҳаш омӯхта, ба­рои такмили пешаи навозандагӣ ба Бухоро меояд. Дар ин ҷо назди Абулаббоси Бахтиёр асосҳои назариявии мусиқиро меомӯзад. Абунаср дар иҷрои …

Муфассал »

АБУМУСЛИМНОМА

«АБУМУСЛИМНОМА», яке аз нахустин асарҳои насри омиёнаи форси- тоҷикист. Аз нигоҳи навъи адабӣ (жанр) ин асар достони размию таърихӣ буда, падидаҳову рӯйдодҳои ҳам воқеиву ҳам хаёлиро фаро гирифтааст. Қаҳрамони марказии дос­тон шахси таърихӣ, пешвои шӯриши зидди Хилофати Умавиён Абумусли­ми Хуросонист. Дар миёнаи асри 8 дар сарзаминҳое, ки мардуми эронинажод, аз …

Муфассал »

АБУМУСЛИМИЯ

АБУМУСЛИМИЯ, Муслимия, наҳзати фикрӣ ва иҷтимоӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр. Ин ҳаракат асосан баъди қатли Абумуслими Хуросонй бо сабаби хунбаҳои ӯ ба вучуд омад. Гурӯҳҳое Кисония ва Разомия эътиқод  доштанд, ки Абумуслим намурдааст ва рӯҳаш ба дигаре хулул кардааст. Бояд барои зуҳураш интизорӣ кашид ва мегуфтанд: «имомат аз Муҳаммад ибни Ҳанифа …

Муфассал »

АБУМУСЛИМИ ХУРОСОНӢ

АБУМУСЛИМИ ХУРОСОНӢ (719 ё 723, тахминан Бушанҷи Ҳирот ё Исфаҳон – 755, Мадоин), сарвари шӯриши зидди Умавиён, баъдан фар- монфармои Хуросон. Ном вакунияи Абумуслими Хуросонӣ аввал Абуисҳоқ Иброҳим ибни Ҳайкон (ё Бухтагон) буда, сипас номашро ба Абдурраҳмон ибни Муслим ва кунияашро ба Абумуслими Хуросонӣ иваз намуд. Мутобиқи ҳаққоқии сиккаҳои давраш …

Муфассал »