Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ШОҲМУРӮД

murud

ШОҲМУРӮД, як навъ мурӯди маҳаллист. Дарахташ аз 6 то 18 м қад мекашад. Пустлохи тана ва шохҳои ғафсаш хокистарранги сиёҳтоб, навдаҳои наврасаш ҷигарӣ, баргаш майда (дарозиаш 3—5 см, бараш 2—3,5 см), мевааш сабзи зардтоб (андаряк 60—6-4 г), пусташ тунук, сершираи ширин ё андак нордон, хуштаъму хушбуи (11,8% қанд, 0,35% туршӣ …

Муфассал »

ШОҲМУСИЧА

shohmusicha

ШОҲМУСИЧА (Streptopelia orien-talis), як навъ паррандаро гӯянд. Бино ба таснифоти зоологӣ мансуби қатори кафтарҳост. Ш. зоҳиран ба мусича шабоҳат дорад, вале аз он калонтар ва рангаш тиратар аст. Дар бешазор ва ҷойҳои кушод зиндагӣ мекунад. Лонаашро дар дарахт сохта, 2 тухм мегузорад. Ш. мисли кафтар тезпарвоз аст. Ғизояш тухми растаниҳост.

Муфассал »

ШОҲМОТ

shohmot

ШОҲМОТ, бозии руимизист, ки ҳариф бо 32 дона (16 сафеду 16 сиёҳ) дар рӯи тахтаи 64-катакдор мебозанд. Ватани Ш. Ҳиндустон буда, пеш аз он «чатуранга» ном бозие (аз а. 5) вуҷуд доштааст. Бино ба маъхазҳои ҳиндӣ ва арабӣ ба «чатуранга» 4 кас бозӣ мекунад. Донаҳояш 4 навъ будаанд: филҳо, аспҳо, …

Муфассал »

ШОҲИҶАҲОНБЕГИМ

ШОҲИҶАҲОНБЕГИМ (1838, Бҳуполӣ Ҳиндустон -1903, ҳамон ҷо), шоира ва арбоби давлатии Ҳиндустон. Ш. шоираи зулисонайн буда, ба забонҳои урду ва форсӣ шеър гуфтааст. Дар ашъори форсиаш «Шоҳиҷахон» ва дар ашъори урду «Ширин» тахаллус мекардааст. У дар навъҳои гуногуни шеър, аз қабили ғазал, рубоӣ. Қитъа ва ғ. қувваозмоӣ кардааст. Ин матлаъ …

Муфассал »

ШОҲИҶАҲОН Шаҳобуддин

ШОҲИҶАҲОН Шаҳобуддин (с. тав. номаълум — ваф. 1663, Аграи Ҳиндустон), подшоҳи Ҳиндустон (1628—57) аз сулолаи Темуриёни Ҳинд. Писари Нуриддин Ҷаҳонгир. Ш. сиёсати ҷангҷуёнаи падарашро давом дода, давлати Темуриёни Ҳиндро аз ҳисоби мулкҳои Ҳиндустони Ҷанубӣ, Афғонистон ва Эрони сафавӣ хеле васеъ кард. Ш. дар баробари забткориҳо ба ободонии мамлакат, ба буньёди иморатҳои …

Муфассал »