Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ШУТУРАНГУР

angur

ШУТУРАНГУР, як навъ ангури маҳаллӣ. Токаш тезсабз. Баргаш калон, мудаввар, 3—5-парра, хушааш калон (вазнаш андаряк 400—500 г), донааш дароруя (гулобӣ ё сурх), хуштаъм, пустҳои ғафиси сахт (1— 4-то тухи дорад). Даври нашваш 155 —160 рӯз. Серҳосил (150—200 ц/ га). Барои тархурӣ ва тайёр кардани мавиз истифода мебаранд. Ҳоло онро бештар …

Муфассал »

Абусайд ибни Муҳаммад ибни Мироншоҳ ибни Темур

АБУСАЙД ибни Муҳаммад ибни Мироншоҳ ибни Темур (1424, Самар- қанд – 1469, номаълум), ҳаштумин султони Мовароуннаҳру Хуросон аз хонадони Темуриён (1451 – 69). Абераи амир Темур, набераи Мироншоҳ. Кӯдакӣ ва навҷавониашро дар Са­марқанд назди Улуғбек сипарӣ кардааст, Ҳангоми қатли Улуғбек бо ҳукми Абдуллатиф дар зиндон буд, лекин баъди март ӯ …

Муфассал »

Абунувос Ҳасан ибни Ҳонӣ

АБУНУВОС Ҳасан ибни Ҳонӣ (762. Аҳвоз – 813, Бағдод), шоири ара- бизабони эронинажод. Дар ҷавонӣ аз падар маҳрум шуд. Ҳамроҳи модараш ба Басра кӯчида, дар назди Волиба ибни Ҳубоб ном шоири араб аз шеъру шоири сабақ гирифт. Пас аз муддате Абунувос дар шоирӣ шӯҳрат ёфт ва ба Бағдод рафта, дар …

Муфассал »

АБУНАСРИ ФАРОҲӢ

АБУНАСРИ ФАРОҲӢ Бадруддин ибни Ҳусайн ибни Ҷаъфар (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри11). Абунасри Фароҳӣ мусаннифи фарҳанги арабӣ-форсии «Нисоб-ус-сибён» аст, ки бо супориши вазири маъруфи Садҷуқиён Низомулмулк (1017 — 92) нигошта шудааст. Дар пайравӣ ба ин асар донишмандони бисёре фархангҳои гуногун таълиф кардаанд. Яке аз корҳои дигари Абунасри …

Муфассал »

АБУНАСРИ ТОЛИҚОНӢ

АБУНАСРИ ТОЛИҚОНӢ Аҳмад ибни Иброҳим (соли таваллуд ва вафот номаъ­лум), шоири форс-тоҷик (асри11). Дар тазкираҳо аз ӯ чун шоири дарбори Салҷуқиён ва вазири машҳур – Ни­зомулмулк (1017 — 92) сухан меравад. Девонаш дастрас нагардидааст, вале қасоиди бисёре аз ӯ дар тазкираҳо омадааст, ки баъзеи онҳо дар мадхи Низомулмулк мебошанд. Ба …

Муфассал »