Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ШӮХИИ ХУҶАНДӢ

ШӮХИИ ХУҶАНДӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а. 18). Писари Шайдои Хуҷандӣ. Давраи наврасӣ ва таҳсили ибтидоиаш дар зодгоҳаш гузаштааси. Дар ҷавонӣ пас аз вафоти падар, барои такмили дониш ба Бухоро ва Хуҷанд рафтааст. Муддате дар дарбор хидмат кардааст. Аз Ш. X. девони ашъор боқӣ мондааст, ки дар …

Муфассал »

ШӮРХОК

shurzamin

ШӮРХОК, шураюк, шурзамин, хокеро гӯянд, ки дар таркибаш миқдори намакҳои минералии дар об зудҳалшаванда зиёд (беш аз 0,25 %) аст. Дар СССР 52,3 млн га ё 2,4%-и замин Ш. аст; асосан дар Украинаи ҷанубӣ, Поволжня, Осиёи Миёна (тақр. нисфи заминҳои кишт) ва ноҳияҳои диг. ҷой гирифтааст.

Муфассал »

ШӮХИИ БУХОРОӢ

ШӮХИИ БУХОРОӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а. 16). Дар Бухоро зиндагӣ кардааст. Намояндаи аҳли меҳнату ҳунар аст. Муаллифи «Музаккир-ул-аҳбоб» оид ба Ш. Б. гуфтааст: «Мавлоно Шухӣ ба кафшдузӣ машҳур аст ва дар шухтабъӣ ҳамто надошта, қадам дар майдони балоғат ниҳода, ба ҷавгони фасоҳатгуӣ суханро мерабуда…». Шоир дар …

Муфассал »

Деҳаи ШӮРЧА

ШӮРЧА, деҳаест дар С. к,. Қуштеппаи p-ни Панҷакент, вил. Ленинобод. Дар ҳудуди к-зи ба номи К. Маркс. Аз деҳа то маркази С. к. 9 км, то район 6 км. Аҳолиаш 1320 наф. (1986). Деҳа мактаби миёна, клуб, китобхона, пункти тиббӣ, чойхона, нонвойхона ва ғ. дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш боғдорию тамокукорист.

Муфассал »

ШӮРТАНҲО

shurtanshaklho

ШӮРТАНҲО (Esocidaei), як оилаи моҳиҳоро гуянд. Бино ба таснифоти зоологӣ мансуби зерқатори шуртаншакллоанд. Баданашон хадангшакл; дарозиашон то 1,5 м, вазнашон то 35 кг. Сар ва танашон пулакчаҳои хурд дорад. Ш. 5 намуд доранд.  Онҳо дар обҳои ширин ва шуртаки сернаботот зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон дар д. Сир ва обанборҳои Фарҳоду …

Муфассал »