Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 88)

Маданият ва санъат

МИРАМОНИИ КОБУЛӢ

МИРАМОНИИ КОБУЛӢ (соли таваллуд номаълум —вафот 1572/73, Ҷунпур, Ҳиндустон), шоири форсизабони Ҳиндустон. Бо номи Мунҳиҷа маъруф аст. Дар сурудани навъҳои мухталифи шеър маҳорат дошта, девоне тартиб дода будааст. Аммо аз мавҷудияти он маълумоте нест.

Муфассал »

МИРАМОНИ ДЕҲЛАВӢ

nophoto

МИРАМОНИ ДЕҲЛАВӢ (соли таваллуд ва вафот иомаълум), нависандаи нимаи дуюми асри 18 — аввали асри 19 Ҳиндустон. Аз оилаи яке аз ашрофони Деҳлӣ. Дар Калкатта солҳои 1801—06 забони ҳиндустониро ба англисизбонон дарс медод. Дар тайёр намудани китобҳои дарсӣ иштирок менамуд. Китоби «Чор дарвеш»-ро аз форсӣ бо унвони «Боғу баҳор» (1802) …

Муфассал »

МИРАЛИИ ҲИРАВӢ

nophoto

МИРАЛИИ ҲИРАВӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 1544/45, Бухоро), хаттоти маъруфи асрҳои 15—16 форс-тоҷик. Дар Ҳирот таваллуд шуда, ҳамон ҷо таҳсили илм намуд ва дар ҳунари хаттотӣ шӯҳрат ёфт. Писари Мирбоқири Ҳиравии мулаққаб ба Зулкамолайн. Миралии Ҳиравӣ ҳунари хаттотиро аз шогирд ва домоди Султоналии Машҳадӣ — Зайнуддини Маҳмуд омӯхтааст. Ба …

Муфассал »

МИРАЛИИ ТАБРЕЗӢ

nophoto

МИРАЛИИ ТАБРЕЗӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 1446, Табрез), хаттоти форс-тоҷик. Собит шудааст, ки настаълиқ агарчи пеш аз Миралии Табрезӣ вуҷуд дошт, вале нопухта, берун аз қоидаву қонунҳои муайяне буд. Миралии Табрезӣ настаълиқро ба низом даровард ва он ҳамчун хати мустақил шакл гирифт. Миралии Табрезӣ чанд қитъа, «Хамса»-ҳои Низомии Ганҷавию …

Муфассал »

МИРАЛИИ САМАРҚАНДӢ

nophoto

МИРАЛИИ САМАРҚАНДӢ (соли таваллуд ва ваф. номаълум), хаттоти асри 16 тоҷик. Дар Самарқанд ба дуньё омада, дар Бухоро таҳсил ва камоли касб кардааст. Дар настаълик устоди забардаст буда, дар навиштани анвои дигари хат моҳир будааст. Аз намунаи хаттотии ӯ китоби таърихии «Равзат-ус-сафо»-а Мирхоид дар Китобхонаи нусахи хаттии Кобул (Афғонистон) маҳфуз …

Муфассал »

МИРАКИ ЧАНГИИ БУХОРОӢ

nophoto

МИРАКИ ЧАНГИИ БУХОРОӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусиқишинос, бастакор ва навозандаи асрҳои 16—17 тоҷик. Санъати мусиқиро дар назди падараш омӯхтааст. Мираки Чангии Бухороӣ дар илмҳои дигар низ истеъдоду салиқаи баланд дошта, барои такмили дониш муддате ба Хоразм рафтааст. Мисли падараш дар чангнавозӣ устоди моҳир буда, аҳли мусиқӣ сабки ӯро …

Муфассал »

МИРАКИ НАҚҚОШ

МИРАКИ НАҚҚОШ (соли таваллуд номаълум — вафот тақрибан 1507), хаттот ва рассоми форс-тоҷик, намояндаи барҷастаи Мактаби минётури Ҳирот. Устоди Камолудлини Беҳзод. Ниг.

Муфассал »

МИРАКИ МАШҲАДӢ

nophoto

МИРАКИ МАШҲАДӢ Аҳмадбеки мутахаллис ба Сӯфӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 16 форс-тоҷик. Дар Машҳад ба: дуньё омадааст. Бино ба маълумоти муалли фи «Хайр-ул-баён» — Ғиёсуддин Мираки Машҳадӣ дар фунуни шеър ва иншо ягонаи давр буда, хати шикаста, таълиф ва настаъликро хуб менавиштааст. Бародари шоир — Муҳаммадмирак низ …

Муфассал »

МИРАБДУЛКАРИМИ БУХОРОӢ

nophoto

МИРАБДУЛКАРИМИ БУХОРОӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 1830, Константинополь) муаррих ва дипломат. Мирабдулкарими Бухороӣ дар Бухоро таваллуд шуда, дар ҳамон ҷо таҳсили илм кардааст. Солҳои 1804— Об дар ҳайати сафорати аморати Бухоро ба Москва, Петербург ва Астрахань сафар кард, 1807—06 ба сифати ёрдамчии сафири Бухоро ба Туркия рафт. Дар Константинополь …

Муфассал »

МИР ТАКӢ

nophoto

МИР ТАКӢ (тахаллус Мир; номаш Мирмуҳаммади Такӣ; 1724, Агра —1810, Лакхнав), шоири ҳинду. Ба забони урду ва форсӣ шеър гуфтааст. То соли 1783 дар Деҳлӣ зиндагӣ карда, баъд ба дарбори ҳокими Лакхнав кашида шудааст. Мир Такӣ, ки шахси боғуруре буд ва майли гӯшанишинӣ дошт, дере нагузашта дарборро тарк намуд. Машаққатҳои …

Муфассал »