МИРАЛИИ САМАРҚАНДӢ (соли таваллуд ва ваф. номаълум), хаттоти асри 16 тоҷик. Дар Самарқанд ба дуньё омада, дар Бухоро таҳсил ва камоли касб кардааст. Дар настаълик устоди забардаст буда, дар навиштани анвои дигари хат моҳир будааст. Аз намунаи хаттотии ӯ китоби таърихии «Равзат-ус-сафо»-а Мирхоид дар Китобхонаи нусахи хаттии Кобул (Афғонистон) маҳфуз аст.
А. Нуров.