Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРАБДУЛКАРИМИ БУХОРОӢ

МИРАБДУЛКАРИМИ БУХОРОӢ

nophotoМИРАБДУЛКАРИМИ БУХОРОӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 1830, Константинополь) муаррих ва дипломат. Мирабдулкарими Бухороӣ дар Бухоро таваллуд шуда, дар ҳамон ҷо таҳсили илм кардааст. Солҳои 1804— Об дар ҳайати сафорати аморати Бухоро ба Москва, Петербург ва Астрахань сафар кард, 1807—06 ба сифати ёрдамчии сафири Бухоро ба Туркия рафт. Дар Константинополь саркотион сафири Бухоро дар Туркия буд. Мирабдулкарими Бухороӣ бо маслиҳати собиқ мудири шӯъбаи дини Вазорати маорифи Туркия — Орифбой-афандӣ соли 1818 воқеаҳои таърихии солҳои 1740— 1818-и Осиёи Миёна, Туркистони Шарқӣ, Тибет ва баъзе ноҳияҳои Ҳиндустонро дар маҷмӯаи алоҳидае қаламдод намуд, ки он бештар бо номи «Таърихи Осиёи Миёна» машҳур аст. Дар асар махсусан роҷеъ ба таърихи Афғонистон, Бухоро; Хева ва Қӯқанд маълумоти фаровон мавҷуд аст. Баъзе нусхаҳои дастхати китоб дар китобхонаҳои Лондон, Париж, Истамбул, аз ҷумла дар захираи дастнависҳои шарқии АФ РСС Тоҷикистон, таҳти рақами 250 маҳфузанд.

Ад.: Материалы по истории туркмен, Туркмении, т. 2, М.— Л., 1938; Бартольд В. В.. Абд ал-Керим Бухари, Соч.. т. 8. М.. 1973.

А. Мухторов.

 

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …