Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 82)

Маданият ва санъат

МИРҲУСАЙНИ МУАММОӢ

nophoto-man

МИРҲУСАЙНИ МУАММОӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), адиби асри 15 форс-тоҷик. Номаш дар маъхазҳо Амир Камолуддин Ҳусайн ибни Муҳаммади Ҳусайнӣ машҳур ба Мирҳусайни Нишопурӣ ва Мирҳусайни Муаммоӣ зикр шудааст. Аслан аз Нишопур буда, дар Ҳирот дар мадрасаи «Ихлосия» таҳсил кардааст. Мувофиқи маълумоти «Маҷолис-ун- вафоис»-и Навоӣ Мирҳусайни Муаммоӣ ахлоқи писандида ва …

Муфассал »

МИРҲУСАЙН

nophoto-man

МИРҲУСАЙН, Ҳусайни Истар а в ш а нӣ (тақрибан 1861/62, Ӯротеп­па — аввали солҳои 30, ҳамон ҷо), хатҳоти тоҷик. Яке аз устодони хати настаълиқ, ки анъанаи хаттотони маъруфи гузаштаро давом додааст. дар шаҳрҳои Андиҷон, Қӯқанд зинда­гӣ карда, бо аҳли илму адаби водии Фарғона муносибати наздик доштааст. Ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ …

Муфассал »

«МИРЪОТ-УЛ-ХАЁЛ»

mirot-ul-hayol

«МИРЪОТ-УЛ-ХАЁЛ» («Оинаи хаёл»), тазкираи Шерхони Лудӣ. Таълифаш солҳои 1690—91 ба анҷом расидааст. Шерхон аслан ҳиротӣ буда, баъд аз касби камол ба Ҳиндустон рафта аст. «Миръот-ул-хаёл» 115 шоир ва 15 шоираро дар бар гирифта, дорои дебочаест, ки дар он муаллиф оид ба назму наср, афзалияти назм бар наср баҳс кардааст. Шарҳи …

Муфассал »

«МИ РЪОТ-УЛ-ФУТӮҲ»

mirot-ul-futuh

«МИ РЪОТ-УЛ-ФУТӮҲ» («Оинаи пирӯзиҳо»), асари таърихии Тӯрахоҷа ибни Зиёуддинхоҷаи Андиҷонӣ. «Миръот-ул-футӯҳ» солҳои 1804-65 таълиф гардида, ба сарлашкари Хуҷанд Олимқул (1862—65) бахшида шуда­аст. Асар аз чор фасл ва хотима иборат аст. Фаслҳои алоҳидаи он ба таърихи Мовароуннаҳр то замони ҳукмронии Абулфайзхон (1711—47), таърихи водии Фарғона, Дашти қипчоқ, шаҳрҳои Андиҷон, Маргелов, Намангон, …

Муфассал »

«МИРЪОТ-УЛ-ОЛАМ»

mirot-ul-olam

«МИРЪОТ-УЛ-ОЛАМ» («Оинаи олам»), асари таърихии муаррихи дарбори Аврангзеб — Муҳам­мад Бахтовархон (вафот 1684). «Миръот-ул-олам» аз ҳафт боб иборат буда, ба таърихи умумии давлатҳо оид аст. Бобҳои 1—3 таърихи давраи тоисломӣ, Хилофати араб, давлатҳои Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён, Ғуриён, Салҷуқиён, Қарахониён ва Хоразмшоҳиён, боби 4 таърихи Темур ва Темуриёнро дар бар …

Муфассал »

МИРШОДӢ

nophoto-man

МИРШОДӢ (соли таваллуд номаъ­лум — вафот тақрибан 1560—64), шоири асри 16 тоҷик. Дар қарияи Ҷӯйбори Бу­хоро ба дуньё омада, айёми ҷавонӣ ва таҳсилашро дар Бухоро гузаронид. Миршодӣ бештар ғазал, қасида ва маснавӣ навиштааст. Ба ғазалиёти Хисрави Деҳлавӣ ва қасидаи «Дарёи аброр»-и ӯ ҷавоб гуфтааст. Дар ашъори Миршодӣ шикоят аз носозии …

Муфассал »

МИРШАРИФ

nophoto-man

МИРШАРИФ бастакор ва мусиқишиноси асрҳои 15—16 тоҷик. Дар баъзе асарҳояш «Шамсӣ» тахаллус кардааст. Дар Ҳирот таваллуд шуда, санъати мусиқиро аз Устод Шодӣ, Ғулом Шодӣ ва дигарон омӯхтааст. Ӯ аз илмҳои замонаш баҳравар буд. Дар пайравии «НақшиМавлавӣ» оҳанги «Нақши Шайхӣ»-ро эҷод кард, ки дар Ҳирот машҳур буд. Миршакар дар сурудани шеър …

Муфассал »

МИРШАКАР

mirshakar

МИРШАКАР (М иршакаров Мирсаид; таваллуд 5. 5. 1912, деҳ Синдеви pайони Шуғнони ВАБК), шоири со­ветии тоҷик, ходи­ми ҷамъиятӣ, Шо­ири Халқии Тоҷикистон (1962). Аз оилаи деҳқони чорводор. Аъзои КПСС аз соли 1942. Дар интернати ш. Хоруғ таҳсил кар­дааст. Соли 1930 дар ш. Душанбе курси 3-солаи Мактаби марказии советӣ ва партиявиро ба …

Муфассал »

МИРШАБ

МИРШАБ (аз ар. мир ва шаб), мансаби маъмурию ҳарбӣ дар шаҳру вилоят ва хониҳои Осиёи Миёна. Дар аморати Бухоро ва хонии Хева то ғалабаи Револютсияи Халқии Бухо­ро (1920) ходими полисхонаро Миршаб мегуфтанд. Дар хонии Хуқанд қурбошӣ, дар кишвари Туркистон Миршаб аз давраи ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба Россия то ғалабаи …

Муфассал »

МИРХОНД Муҳаммад ибни Ховандшоҳ ибни Маҳмуд

nophoto-man

МИРХОНД Муҳаммад ибни Ховандшоҳ ибни Маҳмуд (1433, Балх — 22. 06. 1498Ҳирот) муаррихи асри 15 форс-тоҷик. Падараш Бурҳонуддини Ховандшоҳ аз сайидоии Бухоро буда, баъдтар ба Балх мекӯчад. Зиндагии Мирхонд дар Ҳирот, ки он вақт яке аз марказҳои калонтарини илмию маданӣ буд, ҷараёи ёфтааст. Ӯ дар доираи адабӣ, ки ба он …

Муфассал »