МИРҲУСАЙН, Ҳусайни Истар а в ш а нӣ (тақрибан 1861/62, Ӯротеппа — аввали солҳои 30, ҳамон ҷо), хатҳоти тоҷик. Яке аз устодони хати настаълиқ, ки анъанаи хаттотони маъруфи гузаштаро давом додааст. дар шаҳрҳои Андиҷон, Қӯқанд зиндагӣ карда, бо аҳли илму адаби водии Фарғона муносибати наздик доштааст. Ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва арабӣ шеър низ гуфтааст. Махсусан, дар нигоришоти қитъа (лавҳаҳои ороишӣ) маҳорати том доштааст. Аз қитъаҳои ба қалами ӯ тааллуқдошта мураққаъ тартиб дода, акси баъзе намунаи қитъаҳояш дар байни аҳолӣ паҳн шудааст. Бо донишмандони номдор Сулаймонқули Розии Қӯқандӣ, Норӣ Муҳаммадюсуф, шоирон Мухйӣ ва Зуфархон Навхарҷ алоқаи дӯстонаи илмӣ ва адабӣ доштааст. Онҳо ба санъати хаттотии Миръот-ул-футӯҳ баҳои баланд дода, ӯро «зарринқалам», «рокими шакаринрақам», «уторидрақам» ва ғ. номидаанд. Яке аз ҳамзамононаш Дори Абдулмаҷид дар порчаи шеъри зерин ӯро ба қатори хаттотони бузурги асрҳои 15— 16 Миралии Ҳиравӣ ва Миримод гузоштааст:
Се фақирро шуд мусаллам ҳусни хат Миралию Миримоду Мирҳусайн.
А. Мухторов.