Маълумоти охирин

МИРШАБ

МИРШАБ (аз ар. мир ва шаб), мансаби маъмурию ҳарбӣ дар шаҳру вилоят ва хониҳои Осиёи Миёна. Дар аморати Бухоро ва хонии Хева то ғалабаи Револютсияи Халқии Бухо­ро (1920) ходими полисхонаро Миршаб мегуфтанд. Дар хонии Хуқанд қурбошӣ, дар кишвари Туркистон Миршаб аз давраи ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба Россия то ғалабаи Револютситяи Октябрь дар маҳалҳои аҳолинишин низ мавҷуд буд. Миршаб риояи тартиботеро, ки амир, хон ва дигар шахсони мансабдори олӣ муқаррар мекарданд, назорат менамуд. Миршаб баъди ғалабаи Ҳокимияти Советӣ дар Осиёи Миёна барҳам хурд.

Ад.: История народов Узбекистана, т. Ташкент, 1947; Айнӣ С., Ғуломон, Сталинобод, 1950.

Ю. Бозоров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …