Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 24)

Маданият ва санъат

ТАВҚ

tavk

ТАВҚ, мурғак, як навъ зеварро гӯянд, ки аз қадим дар байни тоҷикон маъмул аст. Тавқ ороиши занона буда, онро асосан арӯсон ва ҷавонзанон мебанданд. Тавқро аз нуқра ва баъзан аз тилло месозанд ё ба рӯяш оби тилло медавонанд. Шаклу сохт ва андозаи он гуногун буда, аксар шакли паррандаро дорад, ки …

Муфассал »

ТАВЪАМОН

tavamon

ТАВЪАМОН навъе аз хати арабии ороишист, ки дар ибтидои асри 16 пайдо шудааст. Бино ба маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ, ихтироъгари он Маҷнуни Чапнавис буд. Ба гуфтаи муаррих ва хатшиноси асри 16 Қозӣ Аҳмад, Маҷнуни Чапнавис хатеро ихтироъ кард, ки аз маҷмӯи ҳарфҳои он тасвири одам, наботот ва ҳайвонот ҳосил мешавад. Хати …

Муфассал »

ТАВСИФ

book-1

ТАВСИФ (арабӣ — васф кардан), санъати бадеиест, ки муҳимтарин хусусияти чизе ва ё ҳодисаеро ифода мекунад. Тавсиф дар ибораҳои изофӣ, ки исми конкрет доранд, як навъи сифати ашьёест, ки бо ёрии узвҳои ҳис Мушоҳида шудаанд. Масалан, абри сиёҳ, рӯзи равшан, осмони нилуфар барин сифатҳоро бо чашм мабинем. Тавсифҳои ақли тавоно, …

Муфассал »

ТАВОРУД

sher

ТАВОРУД (арабӣ —паёпайомадан, бо ҳам дар як ҷо фуруд омадан), дохил шудани маънии шеъри як шоир ба шеъри дигар, тасодуфан кор фармуда шудани айни як мазмун дар ашъори ду шоири мухталиф. Масалан, байтҳои зерин аз шоирони гуногун буда, мазмунан яканд: Дар азал акси маи лаъли ту дар ҷом афтод, Ошиқи …

Муфассал »

ТАБУЛАТУРА

tabulatura

ТАБУЛАТУРА (аз лотинӣ tabula — тахта, ҷадвал), системаи классикии тавассути ҳарф ё рақам ифода намудани мусиқӣ, як навъи нотанависии кадим аст. Табулатура асосан барои ягон асбоби муайян навишта мешуд. Ин система асрҳои 15 —17 асосан дар Европа истифода шуда, махсусан навъҳои испанӣ, Франсавӣ ва неагании он маъмул буд. Дар асрҳои …

Муфассал »

ТАБАҚОТИ АДВОР

nota-2

ТАБАҚОТИ АДВОР таркиби қаторовозҳоро гӯянд. Мувофиқи назарияи мусиқии гузашта аз таркиби ҷинсҳо ҷамъҳо ҳосил мешаванд. Дар рисолаҳои мусиқии асрҳои 15—16 ҷиноҳо ба ду гурӯҳ — табақоти сония ва табақоти уло ҷудо мешаванд. Гурӯҳи аввал қаторовозҳои чорзинаӣ (меъёраш дар ҳудуди кварта) ва гурӯҳи дуюм қаторовозҳои панҷзинаиро (меъёраш дар ҳудуди квинта) дар …

Муфассал »

ТАБАҚБАРОН

tuy

ТАБАҚБАРОН, табақбарӣ, яке аз маросимҳои тоҷикист, ки баъди фотиҳаи тӯй сурат мегирад. Дар водии Ҳисор, Кӯлоб, болооби Зарафшон ин маросимро лаълигардонӣ ё лаълибарон низ меноманд. Одатан дар иду ҷашнҳо тарафи домод ба арӯсшаванда «идӣ» гӯён тӯҳфа (сақичу ҳиио, оинаю шона, атру собун, ӯсмаю сурма. дастпонаю ангуштарӣ, гӯшвор, лаълии ширавор ва …

Муфассал »

ТААҶҶУБ

sher

ТААҶҶУБ (арабӣ — ҳайрат,шигифти), як навъ санъати маънавии шеъриро гӯянд, Шоир маъниеро бо ҳайрат баён менамояд ва ё дар тасвири предмет, воқеа ва лавҳаи бадеӣ бо тааҷҷуб чизеро пурсида, аз он таҳайюр мекунад. Масалан: Тан-т яку ҷон якеву чандин дониш, Эй аҷабо! Мардуми ту ё дарё? (Рӯдакӣ). Тааҷуб дар назм …

Муфассал »

СУҲРОБ

shohnoma

СУҲРОБ яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, писари Рустам ва Таҳмина, паҳлавони Тӯронзамин. Аз овони кӯдакӣ нишонаҳои паҳлавонӣ ва қувваи бозу дар ӯ аён буданд. Ҳангоми даҳсолагиаш дар сарзамини Тӯрон касе ёрои бо ӯ ҳамнабард шуданро надошт. Суҳроб аз тӯрониён лашкаре ҷамъ оварда, сӯи кишвари Эрон сафар кард. Афросиёб писари Рустам …

Муфассал »