Маълумоти охирин

СУҲРОБ

shohnoma

СУҲРОБ яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, писари Рустам ва Таҳмина, паҳлавони Тӯронзамин. Аз овони кӯдакӣ нишонаҳои паҳлавонӣ ва қувваи бозу дар ӯ аён буданд. Ҳангоми даҳсолагиаш дар сарзамини Тӯрон касе ёрои бо ӯ ҳамнабард шуданро надошт. Суҳроб аз тӯрониён лашкаре ҷамъ оварда, сӯи кишвари Эрон сафар кард. Афросиёб писари Рустам будани Суҳробро медонист ва ба мақсади аз байн бардоштани падару писар ду лашкаркаши худ—Бормон ва Ҳушмонро фиристод, то ба шиносоии онон мамонат кунанд. Жандаразм ном шахсе, ки ба фармони Таҳмина омада буд, мебоист Суҳробро бо Рустам шинос мекард. Вале Жандаразм ба дасти Рустам кушта шуд. Ба ҳаминтариқ падару писар якдигарро натшинохтанд ва байни онон разми сахте оғоз ёфт. Рустам бо ҳилаву найранг Суҳробро мағлуб кард ва ханҷар ба дигараш зад. Вақте Рустам ӯро шинохт ва хост, ки аз Кайковус нӯшдору гирифта писарашро аз марг наҷот диҳад, Кайковус дар додани нӯшдору таъхир кард.
Қиссаи фоҷиавии разми падару писар дар эҷодиёти даҳанакӣ ва адабиёти хаттии халқҳои гуногуни дунё вуҷуд дорад, вале достони «пуроби чашм»-и Фирдавсӣ яке аз беҳтаринҳост. М. Диловаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …