Маълумоти охирин

ТААҶҶУБ

ТААҶҶУБ (арабӣ — ҳайрат,шигифти), як навъ санъати маънавии шеъриро гӯянд, Шоир маъниеро бо ҳайрат баён менамояд ва ё дар тасвири предмет, воқеа ва лавҳаи бадеӣ бо тааҷҷуб чизеро пурсида, аз он таҳайюр мекунад. Масалан:
Тан-т яку ҷон якеву чандин дониш,
Эй аҷабо! Мардуми ту ё дарё?
(Рӯдакӣ).
Тааҷуб дар назм вазифаи муайяни ғоявӣ ва бадеию эстетикӣ дорад. Он таъсири эмосионалии ғояи шеърро афзуда, матлаби гӯяндаро таъкид менамояд. Бештар барои ифодаи афкори иҷтимоию сиёсӣ, ақоиди фалсафӣ, ахлоқӣ, лаҳзаҳои ҳасбиҳолӣ, ғалаёнҳои рӯҳии шоир истифода мешавад.
Воситаҳои услубии Тааҷуб баёни риторнкӣ, нидо ва хитоб, суолгузорӣ ва ғайра мебошанд. А. Маҳмадаминов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …