«ЭЛЕКТРОН», номи як силсила радифони маснуи Замин (РМЗ)-и советиро гуянд, ки барои тадқиқи минтақаи радиационии Замни, нурҳои кайҳонӣ, таркиби химиявии фазоӣ кайҳонии наздизаминӣ, афканишоти кутоҳмавҷи Офтоб ва радиоафканишоти галактика, микрометеордо ва ғ. таъин шудаанд. РМЗ-и «Э.» дутогӣ бо як ракетаи баранда ба мадорҳои гуногун бароварда шудаанд. «Э.-1» ва «Э.-2» ба …
Муфассал »ЭЛЕКТРОН
ЭЛЕКТРОН (юн. elektron — қаҳрабо), зарраи элементарии зарядаш манфии устуворро гуянд, ки спинаш 1 ба —, массааш ба 9-10-28 г, моменти магнитиаш ба магнетони Бор баробар мебошад, ба синфи лейтонҳо мансуб буда, дар таъсири мутақобили суст, таъсири мутақобили электромагнитӣ ва таъсири мутақобили гравитационӣ иштирок мекунад. Ишораташ е— ё е. С. …
Муфассал »ЭЛЕКТРОМЕТАЛЛУРГИЯ
ЭЛЕКТРОМЕТАЛЛУРГИЯ, як соҳаи илм ва техникаи металлургияро гуянд. Э. процессҳои бо ҷараёни электрик ва маъдан ва концентратҳо ҳосил кардани металлҳо, гудозиш ва тозакунии металлу хулаҳо, инчунин процессҳои гарм кардан ва ба сохти муайян даровардани металлро дар бар мегирад. Э. аз ду соҳа иборат аст. Соҳаи якуми Э. ба усулҳои электротермӣ …
Муфассал »ЭЛЕКТРОЛИТҲО
ЭЛЕКТРОЛИТҲО (аз электро… ва юн. lymos — таҷзияшаванда, ҳалшаванда), моддҳои моеъ ё сахт ва системавиро гуянд, ки каму беш ионҳои электрикгузаронанда доранд. Ба маънои маҳдудаш моддаҳоеанд, ки маҳлулашон (тавассути ионцҳое, ки дар натиҷаи диссоцидцияи электролитӣ ҳосил шудаанд) ҷараёни электрикро мегузаронанд. Э. қавӣ ва заиф мешаванд. Э.-и қавӣ дар маҳлули сероб …
Муфассал »ЭЛЕКТРОЛИЗ
ЭЛЕКТРОЛИЗ (aз электро… ва юн. lysis — таҷзияшавӣ, ҳалшавӣ, ҷудошавӣ), маҷмуи процессҳои электрохимиявии оксидшавию барқароршавиеро гуянд, ки ҳангоми аз электролиту гузаштани ҷараёни электр дар электродҳо ба амал меоянд. Омӯзиш ва истифодаи Э. аз ох. а. 18 ва авв. а. 19 (аз даври пайдоиши электрохимия) оғоз ёфт. Дар коркарди асосҳои назариявии …
Муфассал »ЭЛЕКТРОДИНАМИКАИ КВАНТӢ
ЭЛЕКТРОДИНАМИКАИ КВАНТӢ, назарияи квантии майдони электромагнитӣ ва таъсири мутақобили он бо зарраҳои заряднок (асосан бо электронҳо, нозитронҳо ва мюнҳо)-ро гуянд. Асоси Э. к.-ро тасаввуроти дар таҷриба тасдиқшудаи оид ба дискретӣ будани шуоъафкании электромагнитӣ ташкил медиҳад. Квантҳои майдони электромагнитӣ фотонҳо ҳангоми маълум будани басомади майдон ҳомилони ба қадри меҳин имконпазири энергияе …
Муфассал »ЭЛЕКТРОДИНАМИКАИ классикӣ
ЭЛЕКТРОДИНАМИКАИ классикӣ, назарияи ғайриквантин фаъолияти майдони электромагнитиро гуянд, ки боиси таъсири мутақобили зарядҳои электрикӣ мегардад. Қонунҳои асосии Э.-и классикиро муодилаҳои Максвелл ифода мекунанд. Ин муодилаҳо имконият медиҳанд, ки тавсифоти асосии майдони электромагнит» (шиддатнокии майдони электрӣ ва индукцияи магнитӣ) дар вакуум ва дар ҷисмҳои макроскопӣ вобаста ба тақсимоти зарядҳо ва ҷараёнҳои …
Муфассал »ЭЛЕКТРИК
ЭЛЕКТРИК, маҷмуи ҳодисаҳоеро гуянд, ки бо мавҷудият, ҳаракат ва таъсироти мутақобили ҷисмҳо ё зарраҳои заряднок алоқаманданд. Таъсири мутақобили заряди электрикӣ тавассути майдони электромагнитӣ (ҳангоми зарядҳои электрикии беҳаракат — майдони электростатикӣ) ба амал меоянд. Зарядҳои мутаҳаррик (ҷараёни электр) майдони электромагнитиро ба вуҷуд меоранд, ки он дар навбати худ боиси таъсири мутақобили …
Муфассал »ЭКСЦЕНТРИСИТЕТи бурриши конусӣ
ЭКСЦЕНТРИСИТЕТи бурриши конусӣ, ададест, ки ба қисмати масофаи байни нуқтаи бурриши конусӣ ва фокус бар масофа аз ин нуқта то директриссаи мувофик баробар мебошад.
Муфассал »ЭКСТРАКЦИЯ
ЭКСТРАКЦИЯ (аз лот. extraxtio — ҷудо карда гирифтан), ҷудокунӣ, процесси ба воситаи ҳалкунанда (экстрагент) пурра ё қисман ҷудо кардани омехтаи моддаҳои моеъ ё сахтро гуянд. Қисмҳои таркибии омехта дар ҳалкунанда одатан як хел ҳал намешаванд. Процесси Э. се даври пай дар пай (ба қабатҳо ҷудокунӣ, дуркунии экстрагент ва барқароркунии он)-ро …
Муфассал »