Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЭЛЕКТРОЛИТҲО

ЭЛЕКТРОЛИТҲО

ЭЛЕКТРОЛИТҲО (аз электро… ва юн. lymos — таҷзияшаванда, ҳалшаванда), моддҳои моеъ ё сахт ва системавиро гуянд, ки каму беш ионҳои электрикгузаронанда доранд. Ба маънои маҳдудаш моддаҳоеанд, ки маҳлулашон (тавассути ионцҳое, ки дар натиҷаи диссоцидцияи электролитӣ ҳосил шудаанд) ҷараёни электрикро мегузаронанд. Э. қавӣ ва заиф мешаванд. Э.-и қавӣ дар маҳлули сероб пурра ба ионҳо диссоциация мешаванд. Молекулаи Э.-и заиф дар маҳлул танҳо қисман ба иону диссоциация мешаванд. Э. дар ҳамаи системаҳои моеъи организми зинда мавҷуданд ва барои гузаронидани аксари синтезҳои химиявӣ ва процосесҳои истеҳсолоти электрохимиявӣ ҳамчун муҳит хизмат мекунанд. Муҳимтарин класси Э. полиэлектролитҳо мебошанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …