Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЭЛЕКТРОЛИЗ

ЭЛЕКТРОЛИЗ

ЭЛЕКТРОЛИЗ (aз электро… ва юн. lysis — таҷзияшавӣ, ҳалшавӣ, ҷудошавӣ), маҷмуи процессҳои электрохимиявии оксидшавию барқароршавиеро гуянд, ки ҳангоми аз электролиту гузаштани ҷараёни электр дар электродҳо ба амал меоянд. Омӯзиш ва истифодаи Э. аз ох. а. 18 ва авв. а. 19 (аз даври пайдоиши электрохимия) оғоз ёфт. Дар коркарди асосҳои назариявии Э. хизмати М. Фарадей калон аст. Яке аз хусусиятҳои Э. он аст, ки процессҳои оксиду барқароршавӣ аз ҳамдигар ҷудо мегузаранд: оксидшавӣ дар анод ва барқароршавӣ дар катод. Э. дар аппаратнҳои махсус, электролизёҳо ба амал меояд. Суръати реакцияҳои электродӣ, ба таркиб ва концентрацияи электролит ба материали электрод, потенциали электродӣ, ҳарорат ва ғ. вобаста аст. Миқдори моддаи ҳангоми Э. ҳосилшударо аз руи қонунҳои Фарадей муайян мекунанд. Э. яке аз усулуи асосии саноатии истеҳсоли алюминий, хлор, ишқри натрий, фтор, металлҳои ишқорию ишқори аминӣ ва усули холисгардонии металл мебошад. Э. инчунин ҳангоми бо металҳо руйпуш кардан (гальваностегия), аз нав бавуҷудоварии шакли предметҳо (гальванопластика) истифода мешавад. Э.-ро инчунин барои синтези пайвастҳои гуногуни органикию ноорганикӣ, таҳлилу тадқиқотии илмӣ ва ғ. истифода мебаранд.

elektroliz

Дар Тоҷикистон бо Э. дар з-ди алюминии ш. Турсунзода алюминий ва дар з-ди электрохимиявии Ёвон хлор, ишқори натрий ва ғ. истеҳсол мекунанд.

Ад.: Скорясллетти В. В… Теоретическая электрохимия. Л., 1974. Прикладная электрохимия. Л., 1974.

Я. С. Самиев, В. С. Азизов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …