Маълумоти охирин
Главная / Илм (страница 38)

Илм

ТАРКИБИ ЛУҒАВИИ ЗАБОН

book

ТАРКИБИ ЛУҒАВИИ ЗАБОН, маҷмӯи калимаҳо (лексика)-и ягон забон аз ҷумла неологизмҳо — калимаҳои нав, лексикаи шевагӣ, жаргонизмҳо, истилоҳот ва ғайраро гӯянд. Миқдори лексикаи таркиби луғавии забон ба хусусияту дараҷаи инкишофи ҳаёти иқтисоди, иҷтимоӣ ва мадании соҳибони забон вобаста аст. Таркиби луғавии забон системаи муташаккиле (нигаред Системаи забон) буда, дар он …

Муфассал »

ТАРЗ

book

ТАРЗ (арабӣ— тавр, тариқа, услуб), категорияи грамматикии феъл, ки муносибати ба фоилу мафъул (субъекту объект) доштаи амалро ифода мекунад. Хелҳои тарз, ифода ва воситаҳои грамматикии он дар забонҳо гуногунанд. Дар забони тоҷикӣ ду тарз — фоилӣ ва мафъулӣ вуҷӯд дорад. Гузаранда ва монда будани феълҳои забони тоҷикӣ ба ифодаи Тарз …

Муфассал »

ТАНТАЛУ НИСБАТҲО

tantalit

ТАНТАЛУ НИСБАТҲО, як гурӯҳ минералҳо — омехтаи пайвастҳои табииро гӯянд. Синфи Танталу нисбатҳо қариб 100 навъи минерал ва хелҳои онро дар бар мегирад, ки муҳимтаринашон колӯмбит, танталит, лопарит, пирохлор ва ғайра. Рангашон сиёҳ, бӯри сиёҳтоб, зарди бӯртоб, гулобӣ ва ғайра Аз Танталу нисбатҳо Та, Nb, Тr мегиранд.

Муфассал »

ТАНТАЛ

tantal

ТАНТАЛ (лотинӣ Таntalum), Та, элемети химиявиест аз гурӯҳи V системаи даврии Менделеев; рақами атомӣ 73, массаи атомӣ 180, 948. Ду изотопи табиӣ — изотопи собити Та (99,99%), изотопи радиоактивӣ Та (0,012%: Т!/2 = 10 сол) дорад. Аз изотопҳои сунъиаш 182Та (Т1/2—115,1 шаборӯз) ҷун индикатори радиоактивӣ истифода мешавад. Танталро соли 1802 …

Муфассал »

ТАНТАЛИТ

tantalit

ТАНТАЛИТ, минералест аз гурӯҳи оксидҳои мураккаб. Таркиби химиявиаш: (Ғе. Мn)· (Та, Nb)2O6. Дар Тантал миқдори тантал нисбат ба Nb) зиёд аст. Кристаллҳояш тахтачамонанд, сӯзаншакл. Рангаш сиёҳ, хокистарӣ, бӯр, сурхи ҷигарӣ. Сахтиаш то 6,5, зичиаш 7,0—8,2 г/ам3. Асосан дар легматитҳо ёфт мешавад. Тантаоитро ҳамчуп ашёи хом барои гирифтани ваитал истифода мебаранд.

Муфассал »

ТАНОСУХ

ТАНОСУХ (арабӣ — нақл, гузаштани як чиз ба чизи дигар), таълимоти динию фалсафист дар бораи интиқоли нафс аз як тан (мурда) ба тани дигар (набот, ҳайвон, инсон). Агар аъмоли нафс некӯ бошад, вай гӯё баъди марг ба тани шарифтар ва агар рафтори ӯ некӯ набошад, ба тани вазеътар аз пешин …

Муфассал »

ТАНОСУБИ ГАРМОНИКӢ

ТАНОСУБИ ГАРМОНИКӢ, таносубест, ки узвҳои мобайниаш ба ҳам баробар буда, узви охиринаш ба фарқи узви аввал ва узви мобайнӣ баробар аст: а: b = b : (а — b). Ба ду ҷамъшавандаҳо b ва а — b ҷудо кардани адади а, ки бояд таносуби гармоникиро ташкил кунанд, тақсимоти гармоникӣ ё …

Муфассал »

ТАНОСУБ

ТАНОСУБ (арабист —ба ҳам мувофиқ будан), 1) Дар математика, баробарии ду нисбати чор бузургӣ (a,b,c d, d)-ро гуянд: = . Бузургиҳои а, b, с вай-ро узвҳои таносуб меноманд, ки дар он а ва d узв- ҳои канорй, b ва с уавҳои мобайнӣ ном доранд. Ҳосили зарби узвҳои мобайнии таносуб бояд …

Муфассал »

ТАННИНҲО

ТАННИНҲО (франсузӣ— tannin, аз tаnnеr—ош додани пӯст), як гурӯҳ пайвастҳои табииро гӯянд, ки бо сафедаҳо ва полимерҳои табиин дигар (селлюлоза, моддаҳои пектинӣ ва ғайра) банди мустаҳкам ҳосил мекунанд. Таннинҳо панвастҳои фенолӣ буда, дар растаниҳо бисёранд. Аввалҳо (охири асри 19) бо истилоҳи «таннин» омехтаи моддаҳои растанигиро ифода мекарданд, ки барои ош …

Муфассал »

ТАНГЕНСОИДА

ТАНГЕНСОИДА, хати каҷи ҳамворест, ки тағйири тангенсро вобаста ба тағйири аргументи кунҷ тасвир мекунад. Тангенсоида аз миқдори беҳадду ҳисоби хатҳои каҷи конгрузитии ҷудогона иборат аст, ки яке аз дигар дар натиҷаи дор қад-қади тири Ох ба бузуртии ба каратӣ кӯчонидан ҳосил мешавад. Тангенсоида дар нуқтаҳои ± n (ё ± 180° …

Муфассал »