Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАНОСУХ

ТАНОСУХ

ТАНОСУХ (арабӣ — нақл, гузаштани як чиз ба чизи дигар), таълимоти динию фалсафист дар бораи интиқоли нафс аз як тан (мурда) ба тани дигар (набот, ҳайвон, инсон). Агар аъмоли нафс некӯ бошад, вай гӯё баъди марг ба тани шарифтар ва агар рафтори ӯ некӯ набошад, ба тани вазеътар аз пешин нақл мешудааст. Таносух дар ахди бостон пайдо шуда буд. Минбаъд зимни инкишофи динҳо ва ҷараёнҳои динию фалсафӣ (бараҳмания, буддоия, ҳиндуия) такмил ёфт ва яке аз муҳимтарин усулҳои назариёти онон гардид.
Дар Юнони Қадим таълимоти таносухро орфеиён, пифагориён. Афлотун ва пайравонаш инкишоф додаанд. Дар Шарқ ғояи таносух ба таълимоти монавия нақши равшан гузоштаст.
Ислом таносухро рад мекунад. Вале вай дар кишварҳое, ки пеш зери таъсгари идеологии зардуштия буданд, ин ақидаро камилан шикаст дода натавонист. Боқӣ мондани назарияи таносух дар ақоиди баъзе фирқаҳои ислом ва осори як зумра мутафаккирони асрҳои миёна аз ҳамин хусус дарак медиҳад. Масалан, дар «Зодулмусофирин» омада, ки исмоилиёни ғоӣ ба таносух эътимод доранд. Дар «Ал-милал ва н-ниҳал» қайд шудааст, ки Ан-Наззом ва шогирдони ӯ Фазл ибии Ҳадасӣ, Ақмад ибни Ҳаит низ ба таносух қоил буданд. Вале дар таърихӣ фалсафаи тоҷик ва дигар халқҳои Шарқи наздику Миёна ин ақидаро на ҳама маъқул донистаанд. Масалан, Ибни Сино дар «Азҳавия» ин ақидаро бо далелҳои ақлӣ ва нақлӣ рад кардааст. Носири Хисрав, ки аз исмоилиёни эътидолӣ буд, низ ба таносух эътимод надошт ва онро назарияи комилан ботил мешуморид; Ақли тасаввуф низ таносухро мазамшат кардаз анд. Маҳмуди Шабистарӣ менависад:
Таносух а-он сабаб шуд куфру ботил,
Ки он аз тангчашмӣ шуд ҳосил.
Илми хозира таносухро рад мекунад, зеро, мувофиқи он, нафс (шуур) ҷавҳари мустақил набуда, балки хосияти мағзи сари инсон аст ва берун аз он мустақилона вуҷуд дошта наметавонад. Д. Диноршоев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …