Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАНОСУБ

ТАНОСУБ

ТАНОСУБ (арабист —ба ҳам мувофиқ будан), 1) Дар математика, баробарии ду нисбати чор бузургӣ
(a,b,c d, d)-ро гуянд: = .
Бузургиҳои а, b, с вай-ро узвҳои таносуб меноманд, ки дар он а ва d узв- ҳои канорй, b ва с уавҳои мобайнӣ ном доранд. Ҳосили зарби узвҳои мобайнии таносуб бояд ба ҳосили зарби узвҳои канори баробар шавад: bс = аd. Ин хосияти асосии таносуб барои тафтиши дурустии таносуб ва ифодаи яке аз узвҳои он тавассути узвҳои боқимонда (масалан, b = ) истифода мешавад. 2) Дар саноеъи пластикӣ, таносуби андозаи унсурҳои асари санъат, мутобиқати қисмҳои ҷудогонаи он ва умуман тамоми асарро номанд. Аз ҷумла дар санъати меъморӣ (таносуби қисмҳои бино) ва санъати тасвириву ҳайкалтарошӣ (таносуби андому рӯи одам) бо қонунияти таносуб бештар риоя мекунанд. Тасаввурот дар бораи вуҷуд доштани таносуб ҳанӯз дар рафти фаъолияти меъморон ва мусаввирони замонҳои қадим, ки ҳангоми сохтан ё офаридани чизе модулҳо ё шаклсозиҳои геометриро истифода мебурданд, пайдо шуда буд. Системаҳои таносуб мувофиқи қонуниятҳои муайяни табиат шакл гирифтаанд. Дар меъмории ҳозиразамон ва дизайн масъалаи дарёфтаи системаҳои нави таносуб, қи барои стандартикунонӣ (ба қолабу андозаи муайян даровардани навъҳои гуногуни ашё) ногузиранд, ҷои намоёнро ишғол менамояд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …