МОДУЛЯЦИЯИ РӮШНОӢ, тағйир додани амплитуда, лаппиш, басомад ё фазаи лаппишҳои мавҷи рӯшноӣ. Модуляцияи рӯшноӣ, одатан, дар натиҷаи тағйир додани дурахшонии манбаи рӯшноӣ ба амал бароварда мешавад. Шуоъҳое, ки аз манбаи рӯшноии дурахшониаш доимӣ мебароянд, ба воситаи ҷиҳози махсус модуляция карда мешаванд (расми 1). Рӯшноии манбаи дурахшониаш доимиро бо ёрии қурси …
Муфассал »МОДУЛЯЦИЯ
МОДУЛЯЦИЯ (аз лот. modulatio— ченнокӣ, андозанокӣ) дар физика ва техника, аз рӯи қонуни додашуда бо мурури замон тағйир ёфтани бузургиҳое, ки ягон процесси якзайл такроршавандаро ифода мекунанд. Модуляцияро тавассути таъсири беруна ба амал меоваранд. Модуляцияи лаппишҳои электромагнитии радиодиапазонҳо ва диапазонҳои оптикӣ дар амалия бештар ба кор меоянд (ниг. Модуляцияи Рӯшноӣ). …
Муфассал »МОДУЛ
МОДУЛ дар математика, 1) Модул (ё бузургии мутлақ)-и адади комплексии 1 = х -f iy адади г ==• = Ух3 -f- у2 (реша бо аломати мусбат гирифта мешавад) мебошад. Ҳангоми ба таври тригонометрӣ ифода намудани адади комплексии % == г (cos ф + tain <р) адади ҳақиқии г ба Модули …
Муфассал »МОДЕЛҲОИ ЯДРО
МОДЕЛҲОИ ЯДРО, методҳои такрибиеро дар тавсифи баъзе хосиятҳои ядрои атом гӯянд, ки дар зимни бо ягон системаи дигари физикии хосиятҳояш хуб омӯхташуда 8 худ ба таҳлили назарии нисбатан содда қобилбуда баробар кардани ядро истифода мешаванд. Мас., модели ядроии ба истилоҳ ферми — газ аз ҳамин қабил аст. Ниг. Ядрои атом.
Муфассал »МОДЕЛҲОИ КОИНОТ
МОДЕЛҲОИ КОИНОТ, як силсила нақшаҳои космологиеро гӯянд, ки тарҳи геометрии Коиноти том ва таҳаввули имконпазири онро тасвиру тафсир мекунанд. Нахустин дар таърихи космологияи илмӣ модели Коинот системаи геоцентрии одам буд, ки азтарафи астрономи маъруфи юнонзамин Батлимус (Птолемей) дар асри 2 м. сохта шудааст. Ин модели космологӣ бо вуҷуди он …
Муфассал »МОДЕЛ
МОДЕЛ дар фалсафа, тимсоли шартии ягон объект (ё системаи объектҳо). Барои ифодаи байни дониши инсон дар бораи объектҳо ва худи объектҳо таъин шудааст. Мафҳуми Модел дар семантика, мантиқ, математика, физика, химия, кибернетика, иқтисодиёт ва дигар илмҳо ба маънои гуногун истифода мешавад. Ин гуногунмаъноӣ аз тавсифи умумии зерин бармеояд. Ду системаи …
Муфассал »МОДЕЛ
МОДЕЛ дар математика, тавсифи такрибии ягон класси ҳодисаҳои реалияти воқеист, ки тавассути аломатҳои математикӣ ифода мешавад. Модел яке аз мукаммалтарин методҳои омӯзиши олами воқеӣ, пешгӯии ҳодисаҳо ва идора кардани онҳо мебошад. Таҳлили Модел барои фаҳмидани моҳияти ҳодисоти воқеӣ имконият медиҳад. Процесси моделсозии математикӣ, ё худ бо ёрии Модел омӯхтани ҳодисаҳо …
Муфассал »МОДЕЛ
МОДЕЛ дар забоншиносӣ, дар забоншиносии структуравӣ ҳангоми тавсифи забон ва ҷиҳатҳои ҷудогонаи он барои таъини дақиқи мафҳумҳои забоншиносӣ ва робитаи байни онҳо истифода мешавад. Вобаста ба мавқеи истифода Модел фонологӣ, морфологӣ, синтаксисӣ, семантикӣ мешавад. Дар сохтани Модел восита ва методҳои забоншиносии математикӣ истифода мегарданд. Агар ҳангоми таҳқиқи материали аслӣ овозҳо, …
Муфассал »МОДЕЛ
МОДЕЛ (франс. modele, итал. тоdello ва лот. modulus — ченак, меъёр, намуна), 1) намунаест, ки аз рӯи он ягон ашёро (автомобил, либос ва ғ.) ба миқдори зиёд истеҳсол мекунанд, навъ, дараҷа (марка)-и ягон маснуот ё конструкцияро низ Модел меноманд. 2) Маснуоти чӯбӣ, гилӣ, мумӣ, гаҷӣ ва ғ-ро гӯянд, ки аз …
Муфассал »МОДДАҲОИ ЗАҲРНОК
МОДДАҲОИ ЗАҲРНОК, пайвастҳои химиявии заҳрноке (адамсит, зарин, зоман, иприт, табун, фосген ва ғ.)-ро гӯянд, ки барои заҳролуд кардани ҳаво, об, ашьё, манзилгоҳу паноҳгоҳҳо, майдони ҷанг ва ғ. истифода мешаванд. Заҳри Моддаҳои заҳрнок дар ҳаво, об, ашё ва ғ. муддате боқӣ мемонад. Буғи Моддаҳои заҳрнок бо шамол ба масофаи дур паҳн …
Муфассал »