Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОДДАҲОИ ЗАҲРНОК

МОДДАҲОИ ЗАҲРНОК

moddahoi-zahrnokМОДДАҲОИ ЗАҲРНОК, пайвастҳои химиявии заҳрноке (адамсит, зарин, зоман, иприт, табун, фосген ва ғ.)-ро гӯянд, ки барои заҳролуд кардани ҳаво, об, ашьё, манзилгоҳу паноҳгоҳҳо, майдони ҷанг ва ғ. ис­тифода мешаванд. Заҳри Моддаҳои заҳрнок дар ҳаво, об, ашё ва ғ. муддате боқӣ мемонад. Буғи Моддаҳои заҳрнок бо шамол ба масофаи дур паҳн мешавад. Моддаҳои заҳрнок ба организм ба воситаи пӯст, пардаи луобӣ, системаи ҳозима ва роҳи нафас дохил шуда, зарар мерасонанд. Моддаҳои заҳрнок аз ҷиҳати дараҷаи таъсирашон якчанд хел мешаванд: Моддаҳои заҳрноки тамоми организмро заҳролудкунанда (кислотаи цианид, хлорциан, фос­ген), асабро фалаҷкунанда (зарин, зоман, табун), ба бофтаҳо зараррасонанда (иприт, люизит), нафастангкунанда (фосген, дифосген, трифосген) ва ғ. Чунин тасниф аслан нисбист, чунки аксари Моддаҳои заҳрнок организмро ба тамом заҳролуд мекунанд. Моддаҳои заҳрнокро аввалин бор 22 апрели 1915 дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ немисҳо дар ш. Ипри Бельгия истифода бурдаанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …