Маълумоти охирин
Главная / Илм (страница 143)

Илм

МОРИ ОБӢ

mori-obi

МОРИ ОБӢ (Natrix), як ҷинси морро гӯянд, ки ба оилаи Colubridae, мансуб аст. Қариб 60 намудаш маълум аст. Бештар дар Нимкураи шарқӣ, Австралия, Африкаи Ҷанубӣ ва Тропикӣ дар СССР (4 намуд) маскун шудааст. Дар Тоҷикистон як намуди он (N. tessellata; ниг. расм) зиндагӣ мекунад. Дарозии N. tessellata 80—150 см. Ранги …

Муфассал »

МОРЁНО

moryono

МОРЁНО (Moreno) Якоб Ҳзкоб Леви (20. 5. 1892, Бухарест —1975), психолог ва психиатр, асосгузори социометрия. Университети Венаро хатм кардааст. Асосгузор ва сардухтури клиникаи Бикон-Хилль (ҳоло санаторияи Морено), таъсискунандаи ж. «Sociometry» (1937) ва «International Journal of Sociometry» (1956), Институти социометрия ва психодрама (1940; Институти Морено), проффесори Университети Нью-Йорк (1951—66). Мореллӣ дар …

Муфассал »

МОРГЕНСТЬЕРНЕ

nophoto-man

МОРГЕНСТЬЕРНЕ (Morgen 8 ti erne) Георг (1891 — 3. 3. 1978, Осло), шарқшиноси норвег, профессор. Асосан забонҳои помирӣ, дардӣ, кофирӣ, бурушаскиро тадқиқ кардааст. Зиёда аз 200 таълифоти илмӣ дорад. «Забонҳои ҳиндуэронии кишварҳои ҳамҳудуд (силсилаи мақолаҳо иборат аз 5 ҷилд), «Луғати этимологии забонҳои гурӯҳи шуғнонию рӯшонӣ» (1974) асарҳои машҳури Моргенстьерне мебошанд. …

Муфассал »

МОРГАН

genri-morgan

МОРГАН (Morgan) Льюис Генри (21. 11. 1818, Орора, Нью-Йорк —17. 1881, Рочестер, Нью-Йорк), этнограф ва археологи америкоӣ, муҳаққиқи таърихи ҷамоаи ибтидоӣ, ходими тараққипарвари ҷамъиятӣ. Аъзои АФ миллии ШМА (1875). Ихтисосаш ҳуқуқдилнос. Аз ҷавонӣ ба тарзи зиндагонии ҳиндиҳо — ирокезҳо рағбат дошт. Барои омӯхтани ҳаёти ҳиндиҳо ва ба онҳо ёрӣ расондан …

Муфассал »

МОНЦОНИТ

monocinit

МОНЦОНИТ [аз номи кӯҳи Монцони (Monzoni) дар Италия], габбро-сиенит, ҷинси кӯҳии магмавии кристаллӣ. Таркибаш аз шпатҳои даштии қариб ба миқдори баробар калию натрийдор (асосан ортоклаз) ва плагиоклаз (бештар лабрадор, баъзан андезин), инчунин аз 35% минералҳои ранга (авгит, амфибол ва биотит) иборат аст. Аз ҷиҳати таркиби химиявӣ гурӯҳи Монтмориллонит байни габбро …

Муфассал »

МОНУРОН

monuron

МОНУРОН, хлорфенидим, N-4-хлорфенил-№, N’-диметилкарбамид, воситаи химиявиест барои нест кардани алафҳои бегона. Ниг. низ Гербицидҳо.

Муфассал »

МОНТМОРИЛЛОНИТ

montmorilltonit

МОНТМОРИЛЛОНИТ [аз номи ш. Монморийон (Montmorillon) дар Франция], минерали гилӣ аз гурӯҳи силикатҳои қабатдор. Таркиби химиявиаш тағйирёбанда (Са, Na) (Mg, Al, Fehl(Si, A1)40,o] (OH)2  nH20. Системаи кристаллбандии Монтмориллонит моноклинӣ, кристаллҳояш камёфт буда, онҳоро танҳо дар зери микроскопи электронӣ дидан мумкин аст; одатан баргмонанданд. Ранги Монтмориллонит вобаста ба омехтаҳои таркибаш сафеди …

Муфассал »

МОНТЕНЬ

monten

МОНТЕНЬ (Montaigne) Мишель де (28. 2. 1533, кушки Монтснь, наздикии Бордо —13. 9. 1592, ҳамон ҷо), файласуф ва нависандаи франсавӣ. Маълумоти ибтидоиро дар хона гирифта, коллежро хатм кард, ҳуқуқро омӯхт. Соли 1580—88 асари асосии худ «Таҷрибаҳо»-ро нашр намуд. Жанри адабию фалсафии мулоҳизаи ҳодисаҳои конкретии таърихи гузаштаю ҳозира, маишату хулқи одамони …

Муфассал »

МОНОЦЕНТРИЗМ

monocentrizm

МОНОЦЕНТРИЗМ (аз моно… ва лот. centrum — ҷамъшавӣ, марказ), таълимотест дар бораи дар ҷои муайяни курраи Замин аз як шакли оҳани қадима пайдо шудани одами ҳозиразамон (Homo sapiens) ва нажодҳои он (ниг. Нажод, Антропогенез, Полицентризм).  

Муфассал »

МОНОФИЛИЯ

monofiliya

МОНОФИЛИЯ (аз моно… ва юн. phylon — тоифа, ҷинс, намуд), аз сариасли умумӣ ба вуҷуд омадани гурӯҳи муайяни организм; принципи асосии эволюцияи олами органикӣ ҳисоб мешавад. Шаҷараи ҳаёт аз як решаи муштарак ибтидо мегирад, сипас ба 2 шоха — олами наботот ва ҳайвонот тақсим мешавад. Аз ҳар яки онҳо пай …

Муфассал »