Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОРГАН

МОРГАН

genri-morganМОРГАН (Morgan) Льюис Генри (21. 11. 1818, Орора, Нью-Йорк —17.

  1. 1881, Рочестер, Нью-Йорк), этнограф ва археологи америкоӣ, муҳаққиқи таърихи ҷамоаи ибтидоӣ, ходими тараққипарвари ҷамъиятӣ. Аъзои АФ миллии ШМА (1875). Ихтисосаш ҳуқуқдилнос. Аз ҷавонӣ ба тарзи зиндагонии ҳиндиҳо — ирокезҳо рағбат дошт.

Барои омӯхтани ҳаёти ҳиндиҳо ва ба онҳо ёрӣ расондан ҷамъияти махсус (1840) ташкил намуда, ба муқобили беҳуқуқӣ ва маҳви ҳиндихо дар ШМА мубориза бурд. Аввалин асари барҷастаи Морган «Иттифоқи ирокезҳо» (1851) дар бораи қабилаҳои ирокез то имрӯз тадқиқоти муҳим ба ҳисоб меравад. Морган дар асарҳои минбаъдааш ғояи роҳи ягонаи тараққиёти таърихии инсонро аз ваҳшоният то тамаддун тарафдорӣ кардааст. Дар таълимоти Морган мақоми авлод ҳамчун қисми асосии инкишофи таърихии ҷамоаи ибтидоӣ мавқеи муҳим дошт. Назарияи аз моликияти умумӣ пайдо шудани моликияти хусусӣ, олила ва никоҳ, гузариш аз никоҳи умумӣ ба якканикоҳӣ ба ин таълимот вобаста аст. Морган таърихи ҷамоаи ибтидоиро аз нуқтаи назари илмӣ ба давраҳои ваҳшигию барбарӣ ва ҳар яке аз онҳоро ба се давра ҷудо кардааст. Ф. Энгелс ба таълимоти Морган баҳои баланд дода буд. маълумотҳои ҳозираи этнографию архиологӣ нишон медиҳанд, ки баъзе фикрҳои ҷузъии Морганро аниқ кардан лозим аст, аммо таълимоти ӯ оид ба ҷамоаи ибтидоӣ аҳамияти худро гум накардааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …