УНИВЕРСИТЕТ (аз лотинӣ universitas — маҷмӯъ), муассисаи олию илмию таълимист, ки дар он маҷмӯи илмҳои асосӣ омӯхта мешавад. Мутахассисони соҳаҳои гупогуни хоҷагии халқ, илму санъатро тайёр мекунад, инчунин тадқиқоти илмӣ мебарад. Аввалин университет дар Эрон бо номи Ҷанди Шопур пеш аз аҳди ислом амал мекард. Дар Европа (Итолия, Испания, Франсия, …
Муфассал »УНИ…
УНИ… (аз лотинӣ unus — як), қисми калимаҳои мураккаб, ки як, ягонагиро ифода мекунад.
Муфассал »УНВОН Ибодуллоҳ Анҳории Самарқандӣ
УНВОН Ибодуллоҳ Анҳории Самарқандӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1670/71), шоири тоҷик. Аз оилаи тоҷир. Пас аз касби камол ӯ низ ба тиҷорат машғул шуд, вале молу дороии ӯро ҳукмрони давр — Субҳонқулихон мусодира кард. Унвон ба Ҳиндустон сафар намуд, вале дар он ҷо ҳам кораш барор нагирифт. Ба зодгоқаш …
Муфассал »УМНЯКОВ Иван Иванович
УМНЯКОВ Иван Иванович (5. 8. 1890, Петрозаводск—21. 2. 1976, Москва), шарқшиноси советии рус, муҳаққиқи Осиёи Миёна, профессор (1956), Ходими Хизматнишон додаи Илми РСС Узбакистон (1958). Аз оилаи хизматчин ҳарбӣ, Соли 1914 факултети забонҳои Шарқи Университети Петербургро хатм намудааст. Ба омӯзиш ва тавсифи дастнависҳои шарқӣ, аз он ҷумла ҳуҷҷатҳои вақф машғул …
Муфассал »«УММОН-УЛ-МАОНӢ»
«УММОН-УЛ-МАОНӢ» фарҳанги тафсирии тоҷикист, ки соли 1455 Шайх Низом ном касе таълиф кардааст. «Уммон-ул-маонӣ» тақрибан 14 ҳазор моддаи луғавӣ дошта, аз рӯи тартиби алифбои арабиасоси тоҷикӣ — ҳарфҳои аввал ва охири калимаю ибораҳо (ҳарфи аввал — боб ва ҳарфи охир — фасл) сохта шудааст. Калимаҳое, ки бо ҳарфҳои хоси тоҷикӣ …
Муфассал »Салтанати Уммон
УММОН Салтанати Уммон, давлатест дар қисми шарқии нимҷазираи Арабистон. Масоҳаташ 212,4 ҳазор км2. Аҳолиаш тақрибан 1,65 млн нафар (1983, аз рӯи ҳисоби тахмияии ТДМ 1 млн нафар), «асосан арабҳо. Забони расмӣ — арабӣ. Дини ҳукмрон — ислом. Пойтахташ шаҳри Масқат. Қисми зиёди мамлакат кӯҳсор (баландиаш то 3353 м, куҳ Шом). …
Муфассал »УМЕДИИ ТЕҲРОНӢ Арҷосп
УМЕДИИ ТЕҲРОНӢ Арҷосп (1457—1522, ба қатл расидааст), шоири форс-тоҷик. Дар овони ҷавонӣ ба Шероз рафта, шогирди Ҷалолуддини Давонӣ шуд. Умедии Теҳронӣ дар муддати кӯтоҳ тамоми илмҳои расмии замонашро омӯхта, ба якчанд шаҳрҳои Эрону Хуросон сафар кардааст. Девони ашъораш тақрибан 1500 байт (18 қасида, 24 қитьа, 22 рубоӣ, 3 ғазал ва …
Муфассал »УМЕД Маҳдии Ахвони Солис
УМЕД Маҳдии Ахвони Солис (таваллуд 1928, Тӯс), шоир ва олими эронӣ. Дар зодгоҳаш таҳсили ибтидоӣ ва миёнаро фаро гирифтааст. Чанд муддат дар деҳоти назди Теҳрон муаллимӣ, сипас дар вазорати фарҳанг ва идораи радио кор кардааст. Умед барои фаъолияти сиёсии зиддидавлатиаш ду дафъа ба зиндон афтодааст. Баъди озод шудан аз хидмати …
Муфассал »УМАРОВА Хайрӣ
УМАРОВА Хайрӣ (таваллуд 6. 1. 1925, деҳаи Ғозиёни ҳозира раёни Хуҷанди вилояти Ленинобод), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1947). Аъзои КПСС аз соли 1954. Колхозчӣ, сардори звенои пахтакории комсомолону ҷавонон, сардори бригадаи пахтакорӣ (1937—52), механизатор (1960—71), мураббии боғчаи бачагона (1970—74) буд. Аз соли 1974 мудири клуби колхози ба номи Фрунзеи раёни …
Муфассал »УМАРОВА Назира Файзиевна
УМАРОВА Назира Файзиевна (таваллуд 10. 2. 1915, шаҳри Хуҷанд), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1945. Солҳои 1936—39 дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Тошканд таҳсил кардааст. Солҳои 1939—41 дар таваллудхонаи шаҳри Тошканд ҳамшираи тиббӣ буд. Солҳои 1941—48 дар сафи Армияи Советӣ, дар госпитали 300-уми собиқ Полки …
Муфассал »