Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Салтанати Уммон

Салтанати Уммон

УММОН Салтанати Уммон, давлатест дар қисми шарқии нимҷазираи Арабистон. Масоҳаташ 212,4 ҳазор км2. Аҳолиаш тақрибан 1,65 млн нафар (1983, аз рӯи ҳисоби тахмияии ТДМ 1 млн нафар), «асосан арабҳо. Забони расмӣ — арабӣ. Дини ҳукмрон — ислом. Пойтахташ шаҳри Масқат.
Қисми зиёди мамлакат кӯҳсор (баландиаш то 3353 м, куҳ Шом). Дар байни кӯҳсор ва халиҷ. Уммон пастии камбари Ал-Батина воқеъ гаштааст. Иқлимаш тропикӣ, ниҳоят гарми хушк. Ҳарорати миёнаи январ 21°С, июл 32°С. Боришоти солона 100— 125 мм. Дарёҳои доимӣ надорад. Дар пастиҳо растаниҳои биёбонӣ ва нимбиёбонӣ мерӯянд. Дар кӯҳҳо саваннаҳо, бешаҳои баргрез ва марғзорҳо мавҷуданд.
Дар миёнаҳои асри 7 ҳудуди Уммон ба хилофати араб дохил гардид. Аз миёнаи асри 8 то охири асри 18 (бо таваққуф) имомати мустақил буд. Дар ибтидои асри 19 ҳудуди Уммон ба имомати Уммон, салтанати Масқат ва соҳили шимолии Уммон (ба истилоҳи англисҳо «Соҳили роҳзанҳо») тақсим шуд. Дар нимаи дуюми асри 19 Масқат ва «Соҳили роҳзанҳо» ба протекторати Англия — Масқат ва Уммони муоҳидави (ҳозира Аморати Муттаҳидаи Араб) табдил ёфт. Солҳои 50 қисми зиёди имомати Уммонро қӯшунҳои англис ва қӯшунҳои Масқат ишғол карданд. Август 1970 султони Масқат дар ҳайати салтанати Масқат ва имомати Уммон барпо шудани салтанати Уммонро эълон намуд.
Уммон мамлакати аграрии қафомонда мебошад. Зироатҳои асосии хоҷагии қишлоқ нахли хурмо ва юнуҷқа аст. Гандум, ҷав, ҷуворимакка, пахта, тамоку, сабзавот низ мекоранд; лиму, банан мепарваранд. Чорводории бодиянишинӣ (бузу гӯсфанд, уштурпарварӣ) тараққӣ кардааст. Як қисми аҳолӣ ба моҳигирӣ ва ҳунармандӣ машғул аст. Саноаташ тараққӣ карда истодааст. Корхонаҳои соноатиаш: заводҳои коркарди нефт, семент, мисгудозӣ, миси электролитӣ ва ғайра.
Соли 1984 дар Уммон 17,9 млн тон нефт (бо иштироки ширкатҳои давлатӣ ва мамлакатҳои ғарб) истихроҷ карда шуд. Дар Уммон роҳи оҳан нест. Тӯли роҳҳои автомобилгард 6,5. ҳазор км, қубурҳои нефтгузар —750 км. Бандари асосии мамлакат — Матрах. Ба хориҷа асосан нефт ва хурмо мебарорад. Шарикони тиҷоратиаш: Япония, Британияи Кабир, ШМА ва мамлакатҳои араб. Воҳиди пул — риёли Уммон.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …