Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 36)

Гуногун

РОДУЁНӢ Муҳаммад ибни Умар

РОДУЁНӢ Муҳаммад ибни Умар (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), адабиётшиноси форс-тоҷик (асри 11). Оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодиаш маълумоти кофие дастрас нест. Родуёнӣ шахси донишманд ва ба адабиёт бағоят дилсӯз буда, илми шеърро бисёр некӯ медонистааст. Оид ба илми бадеъ, истилоҳоти илми балоғат бо унвони «Тарҷумон-ул-балоға» китоби судманде навиштааст, …

Муфассал »

РОДИОНОВ Владимир Михайлович

РОДИОНОВ Владимир Михайлович (28. 10. 1878, Москва —7. 2. 1954, ҳа¬мон ҷо), химики советӣ, акад. АФ СССР (1943; аъзо- корр. 1939). Ин¬ститути политехникии Дрезден (1901) ва Омӯзишгоҳи олии техникии Москваро (1906) хатм намудааст. Аз соли 1920 профессори Инмттути технологияи химиявӣ ва дигар институтҳои Мо-сква, мушовири илмии як қатор институтҳо ва …

Муфассал »

РОДЕН Рене Франсуа Огюст

РОДЕН (Rodin) Рене Франсуа Огюст (12. 11. 1840, Париж,—17. 11. 1917, Мёдон, назди Париж), ҳайкалтароши франсавӣ. Дар мактаби рассомй ва математикаи Париж (1854 —1857) назди А. Л. Бари (1864) таълим гирифта, солҳои 1864—1871 дар устохонаи А. Каре- Беллёз кор кар¬дааст. Солҳои 1871 —1877 Брюсселро бо чанд бино ва муҷассамаҳои монументали …

Муфассал »

РОДАТ

РОДАТ , рудат, даp тибби қадим сари устухони манаҳро но¬манд, ки дар зери гӯш ҷой гирифтааст.

Муфассал »

РОДАРИ Ҷанни

РОДАРИ (Rodari) Ҷанни (таваллудаш 23. 10. 1920, Оменя —1980), нависандаи Италиявӣ. Аъзои Партияи Коммунистии Италия аз соли 1944. Иштирокчии Ҳаракати муқобилат. Аз соли 1948 дар газетаи «Унита» шеърҳои бачагонааш ба табъ расидаанд, ки шаклан ба фолклор наздиканд. Дар шеърҳои Родари (маҷм. «Китоби шеърҳои шӯх», 1951; «Шеърҳои заминӣ ва осмонӣ», 1960; …

Муфассал »

РОВАНДӢ Наҷмуддин Абӯбакри Муҳаммад

РОВАНДӢ Наҷмуддин Абӯбакри Муҳаммад (таваллудаш 1177— вафоташ номаълум), шоир ва муаррихи давраи Салҷуқиён. Дар Исфаҳон илмҳои замонашро омӯхт. Дар замони салтанати Туғрал ибни Арслон ба дарбори Салҷуқиён даъват шуд. Баъдтар ба Ҳамадон омада, ба хаттотӣ пардохт. Баъди кушта шудани Туғрал ва инқирози давлати Салҷуқиён Ровандӣ ба Ироқ ва аз он …

Муфассал »

РОБСОН Пол

РОБСОН (Robeson) Пол (таваллудаш 9. 4. 1898, Принстон ИМА—23. 2. 1976, ҳамои ҷо), сарояндаи америкоӣ (бас), актёри драмавӣ, ходими ҷамъияти. Аз оилаи зангӣ. Факултети ҳуқуқшиносии Университети Колумбияро (Ню-Йорк) хатм намуда, дар театрҳои Америка ва Англия ҳунарнамоӣ кардааст. Роли беҳтаринаш — Отел¬ло (1920, театри «Савой», Лондой). Соли 1925 чун сарояндаи сурудҳои …

Муфассал »

РОБИАИ БАЛХӢ

РОБИАИ БАЛХӢ Робиа бинти Каъби Қаздорӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоираи форс-тоҷик (асри 10). Муосири Рӯдакист. Аз қабилаи Қаздори шаҳри Балх. Падараш Каъби Қаздорӣ аслан араб буда, раисии он қабиларо ба ӯҳда дошт. Дар назди устодони хусусӣ сарфу наҳв, илми шеъру адаб ва ғайраро омӯхтааст. Ба ду забон — …

Муфассал »

РОБИАИ АДВИЯ

РОБИАИ АДВИЯ ( таваллудаш байни солҳои 713—718, Басра—801), аввалин сӯфизанест мутааллиқ ба тасаввуфи ошиқона. Дар оилаи камбағал таваллуд ёфтааст. Дар айёми кӯдакӣ ӯро дуздида, ба ғуломй фурӯхта буданд. Баъд аз гуломӣ озод шудааст. Мувофиқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо аввал сарояндагӣ мекард. Сонӣ ба тасаввуф гороида, баъди чанд соли дар саҳро гӯшанишинӣ …

Муфассал »