Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 17)

Гуногун

САЛОҲУДДИНИ САЛҶУҚӢ

САЛОҲУДДИНИ САЛҶУҚӢ (1896, Ҳирот—1980, Кобул), адиби афғон, олим ва арбоби давлатӣ. Маълумоти ибтидоиро дар оилааш гирифтааст. Салоҳуддин муаллими мадрасаи «Ҳабибия» (1915—1918), му- дири маорифи шаҳри Ҳирот (1918—1920), муаллими адабиётя форсип лицеи «Истиқлол»-и Кобул (1921—1923), котиби идораи «Доруттаҳрир» (1924), мудири Шӯъбаи матбуоти вазорати корҳои хориҷии Афғонистон, консули Афғонистон дар Бамбай, консули …

Муфассал »

САЛОҲУДДИН ЮСУФ ИБНИ АЙЮБ

САЛОҲУДДИН ЮСУФ ИБНИ АЙЮБ (1138-4. 3. 1193, Димишқ), султони Миср аз соли 1171, асосгузори сулолаи Айюбиён. Курднажод. Писари Айюб ибни Шаъдӣ — яке аз лашкаркашони султони Сурин Нуриддин, ки бо салибдорон бомуваффақият мубориза бурда аст. Дар юришҳои ҳарбӣ (1164—1169) -и зидди Миср иштирок намуд. Салоҳуддин 1169 вазири Миср таъин шуд. …

Муфассал »

САЛОҲОВ Тоир Теймурӯғлӣ

САЛОҲОВ Тоир Теймурӯғлӣ (таваллудаш 29. И. 1928, Боку), рассом ва графики советӣ, Рассоми Халқии СССР (1973), аъзо-корреспонденти АР СССР (1966). Аъзои КПСС аз соли 1964. Дар Омузишгоҳи рассомии ба номи А. Азимзодаи шаҳри Боку (1945—1950) ва Институти рассомии ба номи В. И. Сурикова Москва (1951—1957) тазсил кардааст. Солҳои 1963—1974 омӯзгори …

Муфассал »

САЛОСА

САЛОСА (арабӣ corona, солафарӣ), ифодаи махсуси худо дар илоҳиёти масеҳӣ. Мувофиқи таълимоти масеҳият, худо аз рӯи моҳияти худ ягона буда, дар шакли Салоса: худо-падар, худо- писар ва рӯҳи муқаддас вуҷуд дорад. Ҳар се шакли мавҷудияти худо моҳиятан баробар ва азалию абадианд. Истилоҳи «Салоса» дар осори илоҳиётшиносони асри 2 Феофил ва …

Муфассал »

САЛОМӢ Абулҳусайн Алӣ ибни Аҳмад

САЛОМӢ Абулҳусайн Алӣ ибни Аҳмад (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), муаррихи асри 10 форс-тоҷик, шогирди муаррихи машҳури Хуросон Иброҳим ибни Муҳаммади Байҳақӣ. Доир ба Саломӣ маълумоти тарҷимаиҳолӣ кам аст. Аз рӯи баъзе маъхазҳои таърихӣ ӯ ба забони арабӣ асари машҳури худ «Ат-Таърих фӣ ахбори вулоти Хуросон» («Таърихи волиёни Хуросон») -ро …

Муфассал »

САЛОМОВ Ислом

САЛОМОВ Ислом (таваллудаш 10. 6. 1940, деҳаи Ҳамодони pайони Мастчоҳ), режиссёр ва актёри советии тоҷик. Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон (1974). Аъзои КПСС аз соли 1978. Солҳои 1954— 1958 дар Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод таҳсил намуда, солҳои 1958— 1960 муаллимӣ кардааст. Солҳои 1960— 1964 дар Институти театрии ба номи А. И. …

Муфассал »

САЛОМАТ

САЛОМАТ (таваллуд ва вафоташ номаълум), мутриба ва раққосаи эронии асрҳои 7—8. Дар Бағдод таваллуд шудааст. Аз Иброҳими Мавсили санъати сознавозӣ, таронахонӣ ва рақсро омӯхт ва яке аз беҳтарин санъаткорони аҳди халифа Ҳорунаррашид буд. Саломат дар сурудани таронаҳои ишқи ва маддӣ маҳорати тамом дошт, аз пешбарандагони услуби «ат-тариқат-ул-Аҷамия» (услуби таронасароии Мовароуннаҳру …

Муфассал »

САЛОМ Абдуссалом

САЛОМ, Абдуссалом (таваллудаш 29.1. 1926, Ҷҳанг), физики покистонӣ. Соли 1951 Университети Кембриҷро хатм кардааст. Солҳои 1951—1954 профессори коллеҷ дар Лаҳор, солҳои 1954—1956 лектори Университети Кембриҷ, соли 1957 профессори Университети Лондон. Аз соли 1964 директори Маркази байналхалқии физикаи назариявӣ дар Триест (Италия). Мушовири президенти Тоҷикистон доир ба илм (аз соли 1951), …

Муфассал »

САЛОИ ИСФАРОИНӢ Ҳасанбек

САЛОИ ИСФАРОИНӢ Ҳасанбек (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Бо инсбаи «Хуросонӣ» ва «Кошонӣ» низ ёд мешавад. Чанде дар Кошон зиста, баъд роҳи сафари Ҳиндустонро пеш гирифтааст. Салои Исфароинӣ: дар сурудани ғазал, рубоӣ ва дигар навъҳои шеър маҳорати зиёде доштааст. Аз осораш якчанд ғазал, байтҳои пароканда ва …

Муфассал »

САЛМОНХОҶА

САЛМОНХОҶА (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), олими тоҷик (асри 19). Дар Самарқанд ба дунё омада, зиндагӣ ва эҷод кардааст. Аз оилаи амалдор. Ӯ бо номи Мир Салмонхоҷа ва Сулаймонхеҷа низ ёд мошавад. Дар мадрасаи Тиллокории Самарқанд мударрис будааст. Мероси Салмонхоҷаро «Тафсил ва баёни давлати ҷамоаи мангит аз замони Раҳимхон» ташкил …

Муфассал »