Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЛОИ ИСФАРОИНӢ Ҳасанбек

САЛОИ ИСФАРОИНӢ Ҳасанбек

САЛОИ ИСФАРОИНӢ Ҳасанбек (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Бо инсбаи «Хуросонӣ» ва «Кошонӣ» низ ёд мешавад. Чанде дар Кошон зиста, баъд роҳи сафари Ҳиндустонро пеш гирифтааст.
Салои Исфароинӣ: дар сурудани ғазал, рубоӣ ва дигар навъҳои шеър маҳорати зиёде доштааст. Аз осораш якчанд ғазал, байтҳои пароканда ва рубоиҳо тавассути тазкираҳову баёзҳо то замони мо расидаанд. Дар ашъори ӯ мавзӯъҳои пандуахлоқӣ, баёни ҳасби ҳол ҷа ғайра ба назар мерасанд. Абёти зерин намунае аз эҷодиёти Салои Исфароинӣ мебошанд:
Хоркашри қимати хошоки дӯшоварди хеш
Аз ҳазорон Ганҷи бодоварди Хусрав беҳтар аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …