Маълумоти охирин
Главная / M. A. (страница 240)

M. A.

Нахлиҳо

1

Нахлиҳо (Агесасеае ё Palme), оилаи растаниҳои дарахтмонанди якпаллагӣ. 240 ҷинси Нахлиҳо, ки қариб 3400 намудро дарбар мегирад, асо­сан дар тропика ва субтропика паҳн шудааст. Бисьёр намудҳои Нахлиҳо дар Осиё (Индонезия), Африка ва Аме­рикаи Ҷанубӣ, фақат 1 намуди онҳо (Chamac rops) дар Европа (Ис­пания, Франциян Ҷанубӣ) мерӯянд. Нахлиҳо аксаран шох намеронанд. …

Муфассал »

Нахлии Бухороӣ

Нахлии Бухороӣ (тақрибан 1581—86, Бухоро — тақрибан 1645 — 50, Балх), шоири тоҷик. Бо тахаллуси «Киромӣ» ҳам шеър гуфтааст. Дар зодгоҳаш хату савод баровард. Чанд муддат дар Мадраса таҳсил карда, аз илмҳои расмии замон баҳраманд гардид. Аз ҷавонӣ ба шеъргӯӣ пардохтааст. Нисорӣ дар «Музаккир-ул- аҳбоб» хабар медиҳад, ки «Мавлоно Нахлӣ …

Муфассал »

Деҳаи Нахимов

1

Нахимов, деҳаест дар Совети қишлоқи ба номи Калинини pайони Куйбышев, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи колхози «Мо­сква». Аз Нахимов то маркази Совети қишлоқ 7 киллометр,то район 6 киллометр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 325 нафар (1982), тоҷикон. Де­ҳа мактаби ибтидоӣ, магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз деҳаи Вахш обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Нахимов Павел Степанович

1

Нахимов Павел Степанович (5. 7. 1802, ҳозира деҳаи Нахимови райони Андрееви вилояти Смоленск —12. 7.1855, Севасто­пол), лашкаркаши флоти рус, ад­мирал (1855). Яке аз роҳбарони мудофиаи Севасто­пол (1854—55). Аз оилаи офисер. Корпуси кадетии баҳриро хатм намуда (1818), дар флоти Балтика хизмат кардааст. Солҳои 1822—25 бо фрегати «Крейсер» ба гирди ҷаҳон саёҳат …

Муфассал »

Нахи штапел

1

Нахи штапел (аз нем. Stapel- нах), як навъ нахи химиявиест, ки барои тайёр кардани матоъҳои гуногуни либосворӣ ва ғайра истифода мешавад. Нигаред низ Нахҳои химиявй.

Муфассал »

Нахи сунъӣ

1

Нахи сунъӣ як навъ нахҳои химиявиро гӯянд, ки аз полимерҳои органикии табиӣ истеҳсол карда ме­шаванд. Нигаред низ Нахҳои химиявй.

Муфассал »

Нахи синтезӣ

1

Нахи синтезӣ як навъ нахҳои химиявиро гӯянд, ки аз полимерҳои синтезӣ истеҳсол карда мешаванд. Нигаред низ Нахҳои химиявй.

Муфассал »

Нахи пахта

нахи пахта

Нахи пахта, нахест, ки пунбадонаро пӯшондааст; ҳуҷайраи дарозрӯяи эпидермиси пӯст (дарозиаш 20—50 миллиметр), ки асосан аз целлюлоза иборат аст. Дар як пояи растанӣ 4— 15 хазор нах инкишоф меёбад. Шакли Нахи пахта тасмаи ҷилодори печони сафед ё дар баъзе навъҳо зардтоб, сабзтоб ва қаҳваранг аст. Нархи пахта 1/3 ҳиссаи массаи …

Муфассал »

Нахбандӣ

1

Нахбандӣ як навъ ҳунари бофандагист, ки чиллаҳои оҳаршударо дар ҷои васеъ кушода, фара мезаданд ва амали Нахбандиро анҷом медоданд.

Муфассал »

Нах

1

Нах дар растанӣ, унсури механикии бофтаи растанӣ, ки аз ҳуҷайраҳои деворағафс иборат аст. Қаи­шӣ ва мустаҳкамии растанӣ ба Нах вобаста буда, он такягоҳи бофтаҳои ғизо ва обгузар мебошад. Нах дар лиф ва пӯстлохи поя (нахи лиф) ё чӯб (лифи дарахт ё либриформ) инкишоф меёбад. Нахи лифи баъзе растаниҳо (пахта, зағир, …

Муфассал »