Маълумоти охирин
Главная / M. A. (страница 241)

M. A.

Нафъй Умар

Нафъй Умар (соли таваллуд номаълум — вафот. 27. 6. 1634, Истамбул), шоири турк. Дар Урзурум таҳсили илм кардааст. Дар васфи султон Аҳмади 1 ва Султон Усмон қасидаҳо дорад. Дар давраи ҳукмронии Муроди IV (1623—40) мавқеъ пайдо мекунад. Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори ҳаҷвии «Тири такдир» буда, дар он махсусан намояндагони табақаи рӯҳо- …

Муфассал »

Нафх

1

Нафх (ар. — дам, боднокшавӣ), пурбод шудани шикамро гӯянд; баъзан онро табибон дар ҳар уэве, ки бошад (масалан, бод гирифтани ҷигар, бачадон, ҷароҳат ва ғайра) ба варамҳои бодӣ низ илҳоқ мекунанд.

Муфассал »

Наффох

1

Наффох (ар. — бодангез), хар ғизо  ё давоеро гӯянд, ки рутубати хос дошта бошад ва аз ҳарорати бадан таҷзия наёфта ба бод табдил ёбад.

Муфассал »

Нафух

1

Нафух (ар. —пуфкарданӣ), давои хушки кӯфтаеро гӯянд, ки ба даруни бинӣ ба воситаи пуф фиристонанд.

Муфассал »

Нафтенҳо

1

Нафтенҳо (аз юн. naphtha — нефт), карбогидридхои сери алисиклӣ, ки асосан дар таркиби нефт дучор мешаванд. Истилоҳи Нафтенҳоро соли 1883 В. В. Марковников ва В. Н. Ог­лоблин ба илм дохил кардаанд. Нафтенҳо аз ҷиҳати химиявӣ ба парафинхо (карбогидридҳои сер) монанд буда, фақат бо ҳалқашакл будани сохти молекулаашон фарқ мекунанд. Масалан, …

Муфассал »

Нафталин

1

Нафталин (аз лот. naphtha — нефт) С|0Нв, карбогидриди ароматӣ. Кристаллҳояш беранг, бӯи хос дорад; t гудозиш 80,3° С, t ҷӯш. 218° Селсия. Заҳрнок, зичиаш 1,1517 г/см! (22° С). Дар спирт, эфир, бензол нағз, аммо дар об бад ҳал мешавад. Нафталинро аз зифти ангиштсанг ва карбогидридҳои нефт ҳосил мекунанд. Аз Нафталин …

Муфассал »

Нафсулмидда

1

Нафсулмидда (ар. — римпартоӣ), дар натиҷаи ягон иллат аз даҳон баромадани римро гӯянд. Нафсулмидда агар ба сурфа барояд, аз ковокии сипа ва ё аз шуш ва пардаҳои он бошад.

Муфассал »

Нафсуддам

1

Нафсуддам (ар.  –  хунпартоӣ), баромадани хун аз даҳон ё роҳҳои нафас. Маесалан, аз ягон ҷои ҳалқ (забонча ё ком), аз cap, қасобаи шуш ё худи шуш, сина ва ғайра.

Муфассал »

Нафси кул

1

Нафси кул (аз ар. ҷон ва  ҳама, тамом), мафҳуми фалсафаи динию идеалистист барои ифодаи зуҳури олам ва мабдаи ҳаракати он, барои ифодаи робитаи олами улвӣ ва олами сифлӣ. Нафси кулл дар системаи афлотуния, навафлотуния, тасаввуф ва исмоилия мафҳуми асосист. Ба ақидаи Афлотун, ки Нафси куллро ҷавҳари онтологӣ медонад, дар тамоми …

Муфассал »