Нафъй Умар (соли таваллуд номаълум — вафот. 27. 6. 1634, Истамбул), шоири турк. Дар Урзурум таҳсили илм кардааст. Дар васфи султон Аҳмади 1 ва Султон Усмон қасидаҳо дорад. Дар давраи ҳукмронии Муроди IV (1623—40) мавқеъ пайдо мекунад. Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори ҳаҷвии «Тири такдир» буда, дар он махсусан намояндагони табақаи рӯҳо- нӣ, мансабдоронро хаҷв, хазинадуздон ва мунофиқонро фош кардааст. Душманонаш Нафъиро кушта, ҷасадашро ба баҳр партофтаанд. Қасида ва газалҳои Нафъӣ дар девоне ҷамъоварӣ шудаанд.
Tags Адабиёт Шахсони машҳур
Инчунин кобед
САФИНА
САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …